Тибқи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» мақомоти намояндагии маҳаллии ҳокимияти давлатӣ аз Маҷлиси вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳия иборат буда, муҳлати ваколати Маҷлиси вакилони халқ 5 сол аст. Дар моддаи 5-и ҳамин Қонуни конститутсионӣ мутобиқати манфиатҳои маҳаллӣ ва умумидавлатӣ, изҳори иродаи аҳолӣ ба воситаи Маҷлиси вакилони халқи дахлдор ва дастаҷамъӣ будани фаъолияти мақомоти намояндагии маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, дар қатори дигар принсипҳои фаъолияти мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ зикр гардидаанд.
Дар Тоҷикистон тибқи Конститутсия халқ баёнгари соҳибихтиёрӣ ва сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ буда, онро бевосита ва ё ба воситаи вакилони худ амалӣ мегардонад. Ифодаи олии бевоситаи ҳокимияти халқ раъйпурсии умумихалқӣ ва интихобот аст. Тибқи ин санади асосии кишвар мансуб ба меъёри демократӣ шаҳрванд ҳақ дорад дар ҳаёти сиёсӣ ва идораи давлатӣ бевосита ва ё ба воситаи вакилонаш иштирок намояд. Шаҳрванд аз синни 18 солагӣ ҳуқуқи интихоб намудан ва инчунин аз синни муқаррарнамудаи Конститутсия, қонунҳои конститутсионӣ ва қонунҳо ҳуқуқи интихоб шуданро низ доро мебошад.






22 феврал дар Кохи Борбад Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷамъомади тантанавӣ ба ифтихори 27 — солагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок ва суханронӣ карданд.
21 феврал дар пойгоҳи Гвардияи миллӣ бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба муносибати таҷлил аз 27-умин солгарди таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон намоиши силоҳу муҳимоти ҷангӣ ва гузашти низомии ҳашт ҳазор нафар хизматчиёни ҳарбии ҷузъу томҳои сохторҳои қудратии гарнизони Душанбе доир гардид.
Тибқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба тақвият ва густариши корҳои ободонӣ, хуррамгардонӣ ва сабзкорӣ дар қаламрави кишвар, аз ҷумла дар ҳудуди шаҳри Гулистон ва ҷамоати шаҳракҳои тобеи он корҳои бунёдкорӣ ва созандагӣ бо маром идома дорад.















