Тибқи қарори Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 7-уми августи соли 2020, № 102 “Дар бораи ташкил кардани ҳавзаҳои интихобот оид ба интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» барои гузаронидани интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дарназардошти ҳудудҳои шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ 68 ҳавзаи интихоботӣ ташкил карда шуд.
Дар шаҳри соҳили “Баҳри тоҷик” ҳавзаи интихоботии Гулистон № 29 бо фарогирии ҳудуди ҳавзаи интихоботӣ – шаҳри Гулистон ва шаҳракҳои тобеи он - Адрасмон, Консой, Чоруқдаррон, Зарнисор, Сирдарё ва Навгарзан, бо қароргоҳ – дар бинои Мактаби санъати шаҳри Гулистон, кӯчаи Истиқлол – 44а ва шумораи пешакии интихобкунандагон – 24162 нафар ташкил гардид.






Нимаи дуюми рӯзи 19 август дар ноҳияи Дарвоз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарону фаъолон ва сокинони ноҳия мулоқот карданд.
Баъди гузоштани санги асос барои бунёди мактаби Президентӣ дар ноҳияи Дарвоз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳ ҳангоми ҳаракат ба сӯи Истироҳатгоҳи «Чорчаман» бо як гурӯҳ шаҳрвандони кишвари дӯсту ҳамсояи Афғонистон, ки барои истиқбол ва мулоқот бо Пешвои тоҷикони ҷаҳон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар назди соҳили дарёи Панҷ ҷамъ омада буданд, суҳбати самимии сарироҳӣ анҷом доданд.
19 август Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Умараки ноҳияи Дарвоз бо гузоштани санги асос ба сохтмони Мактаби Президентӣ оғоз бахшиданд.
Дар идомаи сафари корӣ дар ноҳияи Дарвоз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо 55 нафар ятими кулл ва маъюб, ки тарбиятгирандагони муассисаҳои таълимии ноҳияҳои Дарвоз, Ванҷ ва Рӯшони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон мебошанд, мулоқот намуда, ба онҳо туҳфаҳои арзишманд тақдим карданд.















