16 апрел таҳти раёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти мамлакат, Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси фаврию ғайринавбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар кори маҷлис натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии мамлакат дар семоҳаи аввали соли 2020, иҷрои нақшаи кишту кори баҳорӣ, рушди саноат, андешидани чораҳои санитарӣ гигиенӣ доир ба пешгирии бемории сироятии коронавирус, коҳиш додани таъсири буҳрони молиявӣ ба иқтисодиёти кишвар, таъмини амнияти кишоварзии ҷумҳурӣ, дигар мавзуъҳои мубрами рӯз, аз ҷумла вазъи имрӯзаи ҷаҳон вобаста ба паҳншавии коронавирус, истеҳсолу захираи кофии маводи хурокворӣ ва дигар масъалаҳо мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Дар ҷараёни кори маҷлис ҳисоботи муовини якуми Сарвазири мамлакат Давлаталӣ Саид, муовинони Сарвазири ҷумҳурӣ Азим Иброҳим ва Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода, вазири кишоварзӣ Амонулло Салимзода, вазири саноат ва технологияҳои нав Заробиддин Файзуллозода, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои кишвар вобаста ба пешгирии бемории сироятии коронавирус, вазъи кишту кори баҳорӣ, омодагӣ ба кишти такрорӣ ва вусъати корҳои ободонию созандагӣ шунида шуд.
Мақолаҳои боқимонда...
- ОЗМУНИ «КАДБОНУИ БЕҲТАРИН»
- Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Тоқаев суҳбати телефонӣ анҷом доданд
- Сомонаҳои интернетии www.akhbor.com ва nahzat.ru, ки ба ташкилотҳои террористӣ-экстремистӣ хизмат мекунанд, дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон баста шуданд






Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Россия муҳтарам Владимир Путин суҳбати телефонӣ анҷом доданд.
Дар толори хурди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр таҳти раёсати Раиси шаҳри Гулистон Фирдавс Шарифзода ҷаласаи фаъолони шаҳр доир ба натиҷаҳои фаъолияти соҳаҳои хоҷагии халқи шаҳр дар давоми се моҳи аввали соли 2020 бо иштироки муовин ва роҳбари дастгоҳи Раиси шаҳр, мудирони шуъбаҳо ва бахшҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, роҳбарони воҳидҳои сохтории шаҳр, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, молия, нозироти андоз, роҳбарони корхона, ташкилоту муассисаҳо, раисони ҷамоати шаҳракҳо, раисони маҳаллаҳо, намояндагони соҳаҳои маориф, тандурустӣ, имомхатибон ва дигар фаъолон доир гардид.
Дирӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев суҳбати телефонӣ анҷом доданд.
9 апрел ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон раисони вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳрҳои Турсунзода, Ҳисор, ноҳияҳои Ҷалолиддини Балхӣ, Вахш, Панҷ, Фархор ва Хуросон телефонӣ ҳисобот доданд.














