Дирӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон узви дафтари сиёсии Кумитаи марказии Ҳизби Коммунистии Чин, роҳбари Дафтари комиссияи Ҳизби Коммунистии Чин оид ба корҳои хориҷӣ Ян Тзечиро ба ҳузур пазируфтанд.
Дар оғози вохӯрӣ таъкид карда шуд, ки Тоҷикистон ва Чин шарикони стратегии ҳамаҷониба ва ҳамсояи наздик буда, ба таҳкими минбаъдаи муносибатҳои гуногунҷанбаи байнидавлатӣ ҳамеша ҳавасманд мебошанд.
Дар мулоқот ҳолати кунунӣ ва дурнамои маҷмуи ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Чин, аз ҷумла дар доираи муколамаи байниҳизбӣ мавриди муҳокима қарор дода шуд. Дар ин замина таъкид карда шуд, ки робитаҳои байниҳизбӣ ҷузъи таркибии муҳими маҷмӯи муносибатҳои Тоҷикистону Чин ба ҳисоб рафта, ба таҳкими муносибатҳои дӯстӣ ва ҳусни ҳамҷавории байни мардумони ду давлат мусоидат менамоянд.






Субҳи 1-уми марти соли 2020 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар интихоботи даъвати нави вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ ба участкаи интихоботии №15, ҳавзаи интихоботии №2-и ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе ташриф оварданд.
Субҳи 1-уми марти соли равон дар 35 участкаҳои интихоботии шаҳри Гулистон соати 6:00 пас аз садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон овоздиҳӣ муташаккилона оғоз гардид.
Тибқи нақшаи чорабинии 1300 рўзи меҳнати зарбдор ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маъракаи ниҳолшинонӣ, кабудизоркунӣ ва хуррамгардонӣ дар шаҳри Гулистон ва шаҳракҳои он вусъати тоза пайдо намудааст.















