28 ноябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бишкеки Ҷумҳурии Қирғизистон дар иҷлоси навбатии Шӯрои амнияти дастаҷамъии Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ иштирок ва суханронӣ карданд.
Дар кори иҷлос Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Сарвазири Ҷумҳурии Арманистон Никол Пашинян, Президенти Ҷумҳурии Беларус Александр Лукашенко, Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим Жомарт Токаев, Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Сооронбой Жеенбеков ва Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин иштирок карданд.
Дар иҷлоси навбатии Шӯрои амнияти дастаҷамъии Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ масъалаҳои вобаста ба вазъи минтақа ва ҷаҳон, самтҳои асосии фаъолияти Созмон оид ба таъмини амният ва иқтидори мудофиавии кишварҳои аъзо, муҳокимаи самтҳои калидии рушди вазъи сиёсӣ дар ҷаҳон, таҳкими иқтидори СААД, афзоиш ёфтани таҳдиду хатарҳои глобалию минтақавии амниятӣ ва андешидани тадбирҳои муборизаи дастаҷамъӣ бо онҳо, дарёфти роҳҳои амиқи мубориза ба муқобили терроризму экстремизми байналхалқӣ, идеологияи сиёсию динӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва яроқ, ҷиноятҳои киберӣ ва дигар шаклҳои ҷиноятҳои фаромиллӣ ва вазъи нигаронкунандаи Афғонистон мавриди баррасӣ қарор дода шуд.