27 ноябр дар шаҳри Бишкек дар ҳошияи иҷлоси навбатии Шӯрои амнияти дастаҷамъии Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон муҳтарам Сооронбой Жээнбеков мулоқот карданд.
Дар мулоқот маҷмуъи васеи масоили ҳамкорӣ дар сатҳи дуҷониба ва ҳам дар ҷаҳорчуби СААД мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки Тоҷикистон бо такя ба принсипҳои дӯстӣ ва ҳамҷаворӣ, ба масъалаи тавсеа ва таҳкими ҳамаи ҷанбаҳои ҳамгироӣ бо Ҷумҳурии Қирғизистон, аҳамияти махсус медиҳад.






27 ноябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади иштирок дар иҷлоси навбатии Шӯрои амнияти дастаҷамъии Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ вориди шаҳри Бишкеки Ҷумҳурии Қирғизистон шуданд.
Дар шаҳри Гулистон конференсияи минтақавӣ дар мавзӯи “Рушди имконияти сайёҳӣ ва баланд бардоштани сатҳи хизматрасонӣ” баргузор гардид.
Дар толори бахши ҳифзи муҳити зист бо занону духтарони фаъоли шаҳр вохӯрии гурӯҳи кории раёсати кор бо занон ва оилаи вилояти Суғд баргузор гардид.
27 ноябр таҳти раёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси навбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.













