Дар Кохи фарҳангии «Истиқлол» ва толори мактаби санъати шаҳри Гулистон тибқи нақшаи чорабинии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии aвилояти Суғд оид ба доир намудани мулоқот дар шаҳру ноҳияҳои вилоят бо аҳолӣ ҷиҳати баланд бардоштани рўҳияи худогоҳию хештаншиносӣ, маърифати ҳуқуқӣ ва фаъолона ширкат варзидан дар маъракаҳои интихоботӣ, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро, террористӣ ва экстремистӣ, эҳтироми арзишҳои миллӣ, таъмини тартиботи ҷамъиятӣ дар давраи интихобот мулоқот доир гардид.
Мулоқотро Раиси шаҳри Гулистон Фирдавс Шарифзода ҳусни ифтитоҳ бахшид. Зикр гардид, ки тибқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи таъин намудани интихоботи даъвати нави Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ” интихоботи даъвати нави вакилон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба маҷлисҳои вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳо 1-уми марти соли 2020 таъин гардид.







Дар толори муассисаи таълимии №1 шаҳри Гулистон конфронси илмӣ-амалӣ бо иштироки омӯзгорон ва хонандагони синфҳои 9, 10 ва 11 бахшида ба Рӯзи умумиҷаҳонии мубориза бар зидди Вируси норасоии масунияти одам, ки проблемаи глобалӣ мебошад, баргузор гардид. Ҳамоишро омӯзгори фанни химия ва биология Махсуда Раҳмонова оғоз намуда, оид ба ташаккули тарзи ҳаёти солим, доир ба пешгирии бемории вируси норасоии масъунияти одам дар байни наврасону ҷавонон суханронӣ намуд.













