Дар зиндагӣ ашхоси ношукру носипос ва даюсу манҳус ҳам ёфт мешаванд, ки нисбати Ватан-модар, миллат ва халқи худ бо ғарази сиёсӣ нигариста, дар бадномкунии зодбуми нону намак додаашон ба чанд “доллар”-и ҳангомасозони ғарбӣ ва исломситезони хунхор гоҳ-гоҳ садо баланд мекунанд. Ба ин қабил афроди беномус як гурӯҳ ҷинояткорони ифротӣ, аз ташкилоти террористӣ - экстремистии ҲНИ ва “Гурӯҳи - 24” шомиланд.
Дар урфият мегӯянд: қаламфур сонитар месӯзонад. Акнун ки Паймони аҳдшикани эшон низ бо қарори Суди олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ниҳоди террористӣ—экстремистӣ дохил карда шуд, роҳбарони он мисли саги девона худро ба чор тараф зада, ҳаё-ҳӯй доранд, ки ҳар ки муқобили ҳукумати конститутсионӣ аст, дар Тоҷикистон онро ба гурӯҳи ҷинояткор медароранд. Худ қазоват кунед, ин “бечораҳо”-ро, як номаи аъмоли онҳоро бардоред, ки дар тӯли солҳои истиқлолияти давлатӣ ба сари мардум ба ҷуз хунрезиву ҳамҳамаву балову офат онҳо чӣ оварданд? Чӣ кори хайре барои осоиштагӣ ва сулҳу субот ба анҷом расониданд? Ҳамон як думбраро ба даст гирифта бо як оҳангу вазну садо дар бораи “демократия” ҷор мезананд. Ин рафторашон на танҳо дар дохили кишвари соҳибистиқлоламон, балки берун аз он ҳам сахт маҳкум карда мешавад. Аз ҷумла, дар Туркия ва давлати Миср.






4 ноябр дар Кохи Борбад ба ифтихори таҷлили 25-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъомади тантанавӣ баргузор шуд, ки дар он Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иштирок ва суханронӣ карданд.
Бахшида ба 25-умин солгарди Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи нақшаи чорабиниҳо дар Кохи фарҳангии «Истиқлол» ҷаласаи тантанавии идона бо иштироки фаъолони соҳаҳои хоҷагии халқи шаҳр, намояндагони ҷамоати шаҳракҳо, мақомоти қудратӣ, собиқадорони меҳнат, муҳофизони сохти конститутсионӣ, намояндагони ташкилотҳои ҷамъиятӣ доир гашт.













