8 ноябри соли 2019 сафари расмии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷумҳурии Франсия бо маросими истиқболи расмӣ дар назди Қасри Елисей оғоз гардид.
Барои истиқболи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саҳни ҳавлии Қасри Елисей бо парчамҳои ҳар ду давлат идона ороста шуда, горди фахрӣ саф кашида буд.
Меҳмони олиқадр, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Президенти Ҷумҳурии Франсия муҳтарам Эммануэл Макрон гарму самимӣ истиқбол гирифтанд.
Мақолаҳои боқимонда...
- Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагони соҳибкорон ва сармоягузорони Ҷумҳурии Франсия мулоқот намуданд
- Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагони доираҳои илму фарҳанг ва санъати тоҷик дар Ҷумҳурии Франсия мулоқот карданд
- Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бо Шоҳзода Карим Оғохони IV мулоқот намуданд






Дар толори Мактаби санъати маркази шаҳри Гулистон ҷамъомади ботантана бахшида ба Рӯзи милитсияи тоҷик бо иштироки кормандони мақомоти корҳои дохилӣ, собиқадорон ва намояндагони корхонаву идора, ташкилоту муассисаҳо доир гардид.
7 ноябри соли 2019 Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар доираи сафари корӣ ба шаҳри Гулистон бо раванди корҳои сохтмонӣ дар Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Мурғи аълосифат” аз наздик шинос шуд.













