Имрӯз ҳамчунин Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ дар шаҳри Гулистони вилояти Суғд Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро мавриди истифода қарор доданд.
Иншооти мазкур дар масоҳати 0,5 гектар бунёд ёфта, сохтмони он давоми камтар аз се моҳ бо ҷалби мутахассисони ватанӣ ба анҷом расонида шудааст.
Баландии сутунпояи Нишони давлатӣ аз сатҳи сақф 17 метрро дар бар гирифта, бо истифода аз масолеҳи аълосифат бунёд гардидааст.
Давраи Нишони давлатӣ 2,5 метрро ташкил дода, дар маҷмӯъ баландии он бо сутунпояаш ба 19,5 метр баробар мебошад.
Мақолаҳои боқимонда...
- Боздиди Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон аз Муассисаи давлатии «Боғи миллии Ваҳдат» дар ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд
- Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо сокинону фаъолони ноҳияи Зафаробод мулоқот намуданд
- Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Зафаробод «Боғи ба номи устод Садриддин Айнӣ»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд