24 октябр дар Кохи Борбад Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарону фаъолони Федератсияи Иттифоқҳои касабаи мустақили ҷумҳурӣ мулоқот карданд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо таҳлилҳои амиқи вазъи соҳа суханронӣ карда, таъкид доштанд, ки ҳадафи вохурӣ баррасӣ ва муҳокимаи фаъолияти кунунии Федератсияи Иттифоқҳои касабаи мустақили ҷумҳурӣ, дарёфти роҳҳои нави таҳкими ҳамкории Ҳукумати кишвар бо ташкилоти калонтарину бонуфузи ҷамъиятӣ ва иштироки ин ниҳод дар тадбирҳои ободонию созандагӣ ба хотири рушду пешрафти кишвар аст.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 1993 узви комилҳуқуқи Ташкилоти Байналмилалии Меҳнат мебошад ва аз ҷониби Тоҷикистон 51 конвенсия ва 22 тавсияи ташкилоти мазкур пазируфта шудааст. Ҳамаи ин санадҳо бевосита барои баланд бардоштани сатҳи иҷтимоӣ, меҳнати шоиста ва таъмини шароити бехатару мусоиди корӣ равона гардидааст.






Дар толори хурди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон бо иштироки мудирони шуъбаву бахшҳо, воҳидҳои зерсохтор, намояндагони мақомоти молия, андоз, раёсати энергетика, бахшҳои бонкҳо, раисони ҷамоати шаҳракҳо ва маҳаллаҳо ва дигар шахсони масъул мулоқот тибқи нақшаи тасдиқгардида бо намояндаи Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд ҷиҳати фаҳмонидани муҳтавои вохӯрии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо кормандони гумрук, молия, андоз, бонк ва сармоягузорӣ баргузор гардид.
22 октябр дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи Симпозиуми байналмилалии илмии “Пажӯҳиш дар фарҳанги бостон: аз дирӯз то имрӯз” бо як гурӯҳ меҳмонон аз кишварҳои хориҷӣ-иштирокчиёни симпозиуми байналмилалӣ мулоқот карданд.













