Дар майдони тозабунёди Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мусобиқаи шаҳрии шоҳмот барои дарёфти «Ҷоми Пешвои миллат» ба итфихори 28-уми солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон байни кормандони кормандони корхонаву ташкилот, муассисаҳо ва ҷамоати шаҳракҳо гузаронида шуд.
Дар мусобиқа беш аз 40 нафар намояндагони ҷамоати шаҳрак, корхонаву муассиса ва ҷавонон иштирок намуданд. Дар мусобиқаи мазкур байни духтарони то 14 сола Сабрина Самадова, байни писарони то 14 сола Рабиҷон Маҳмудов, аз 14 то 30 сола байни ҷавондухтарон Шаҳноза Ҳамралиева, байни ҷавонписарон Акрамҷон Самадов ва дар синни аз 30 сола боло байни бонувон Наргис Ӯрунова, байни мардҳо Ҳомидҷон Устоев дастболо гардиданд. Ба ғолибон дипломҳои дараҷавӣ ва туҳфаҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр дар вазъи тантанавӣ супорида шуданд.






30 август Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ Маркази истироҳативу фароғатӣ ва сайёҳии кӯли “Душанбе”-ро пас аз навсозӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
29 август таҳти раёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Точикистон, Раиси Ҳукумати мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд.













