4 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар пойтахти мамлакат ба сохтмони меҳмонхонаи панҷситорадори «Дипломат» оғози расмӣ бахшида, бо лоиҳаи он шинос гардиданд.
Меҳмонхонаи панҷситорадори «Дипломат» аз ҷониби Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Рушди Осиё» дар асоси қарори Раиси шаҳри Душанбе дар кӯчаи Бохтар 3-и ноҳияи Исмоили Сомонӣ бунёд мегардад.
Иншооти нави хизматрасонӣ — сайёҳӣ дар доираи нақшаи чорабиниҳо ба хотири татбиқи дастуру супоришҳои Президенти мамлакат аз ҷониби соҳибкори ватанӣ бунёд мегардад.






ФАРМОНИ
Бо иштироки Раиси шаҳри Гулистон Фирдавс Шарифзода дар арафаи 28-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҶСК «Қолинҳои Қайроққум» дар вазъи тантанавӣ бингои маъмурии якум ва дуюми корхона пас аз азнавсозӣ ва таҷдиду тармими асосӣ ифтитоҳ гардид.
Дастгирии қишри ниёзманди ҷомеа яке аз самтҳои асосии сиёсати иҷтимои давлат маҳсуб ёфта, тибқи дастуру супоришҳои доимии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон бахшида ба иду ҷашнҳои давлатӣ ва суннатӣ ба онҳо пайваста кумакҳои моливу молиявӣ мерасонад.













