9 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар Наврӯзгоҳи пойтахт дар ҷамъомади тантанавӣ ба ифтихори 28 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва оғози кори агрегати дуюми нерӯгоҳи барқи обии “Роғун” иштирок ва суханронӣ карданд.
Нахуст, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кулли мардуми кишвар ва иштирокчиёни тантанаи идонаро бори дигар ба муносибати солгарди 28-уми Истиқлолияти давлатӣ ва ба фаъолият оғоз кардани агрегати дуюми нерӯгоҳи барқи обии “Роғун” — чароғи равшани хонадони мардуми Тоҷикистон ва ояндаи дурахшони Ватани маҳбубамон табрику таҳният гуфтанд.
Мақолаҳои боқимонда...
- Муборакбодии Раиси шаҳри Гулистон Фирдавс Шарифзода ба ифтихори 28-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
- Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба сохтмончиёни Неругоҳи барқи обии «Роғун» мукофотҳои давлатӣ супориданд
- Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон барои оғози корҳои сохтмонӣ дар Меҳмонхонаи бисёрошёнаи замонавии «WYNDHAM Dushanbe hotel & Resorts» дар шаҳри Душанбе санги асос гузоштанд






Ба ифтихори ба истифода додани агрегати дуюми Неругоҳи барқии обии «Роғун» бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маркази шаҳри Гулистон раҳпаймоӣ ва чорабинии фарҳангии оммавӣ баргузор гардид.
9 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади иштирок дар маросими ба кор даровардани агрегати дуюми Нерӯгоҳи барқи обии «Роғун» ба шаҳри Роғун ташриф оварданд.
Дар Кохи фарҳангии “Истиқлол” ҷамъомади ботантана ба ифтихори таҷлили 28-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки намояндагони соҳаҳои хоҷагии халқи шаҳр, мақомоти қудратӣ, собиқадорони меҳнат, намояндагони ҳизбу ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва ҷавонон баргузор гардид.
08.09.2019, шаҳри Душанбе














