Дар майдони Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи шаҳри Гулистон тантанаҳои идона ва барномаи калони консертӣ доир гардид.
Дар оғоз муовини Раиси вилояти Суғд Анвар Яъқубӣ ба сокинон ва меҳмонони зиёди шаҳри Гулистон табрикоти Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзодаро ба ифтихори Рӯзи шаҳри Гулистон манзур кард. Раиси шаҳри Гулистон Фирдавс Шарифзода ҳамагонро бо Рӯзи шаҳр муборакбод намуд. Зикр гардид, ки дар партави сиёсати ояндасозу хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон халқи шарифи кишвар қадамҳои устувори хешро дар эъмори давлати соҳибихтиёру соҳибмақом дар арсаи ҷаҳон мегузорад, мардуми шарифи шаҳри Гулистон бо рӯҳияи баланди ватандорӣ, хештаншиносӣ ва ифтихори миллӣ аз сафари навбатии Пешвои муаззами миллат ба шаҳри Гулистон ва ба кор даровардани агрегати дуюми Неругоҳи барқи обии “Роғун” ба корҳои бунёдкорӣ ва созандагӣ камари ҳиммат маҳкам бастаанд.
Мақолаҳои боқимонда...
- Tajikistan’s delegation will take part in annual meeting of OSCE Office for Democratic Institutions and Human Rights in Warsaw
- Абдулло Рахнамо: «Правительственная делегация отправится на Варшавскую конференцию с гордо поднятой головой»
- Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолону сокинони ноҳияи Данғара мулоқот намуданд






Дар толори Маркази саломатӣ шаҳри Гулистон семинар-машварат бо иштироки мутахассиси Маркази ҷумҳуриявӣ оид ба ВНМО Моҳҷон Бобиева ва мутахассиси БПНМ-и вилояти Суғд Азиза Ниёзметова баргузор гардид. Дар семинар-машварат мутассадиёни соҳаи тиб аз шаҳракҳо, кормандони маориф, мутахассисони САҲШ, табибони сироятшинос, кормандони маркази назорати санинатарию эпидемиологии шаҳри Гулистон иштирок намуданд.
Дар толори бахши ҳифзи муҳити зист бо кормандони соҳаи маориф, муҳоҷират, шуғли аҳолӣ ва меҳнат, молия,раисони ҷамоатҳо, вакилони шаҳрӣ мизи мудаввар дар мавзўи «Маблағгузории таҳсилоти ғайрирасмӣ ва калонсолон дар сатҳи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» баргузор гардид. Дар семинар вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Нурулло Оқилзода, намояндаи ташкилоти байналмилалї Зарина Холиқова доир ба мавзӯи семинар-машварат баромад намуданд.
Тибқи ҷадвали гузаронидани вохӯриҳои вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳудуди шаҳри Гулистон мулоқоти вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Нурулло Оқилзода бо интихобкунандагони ҳавзаи интихоботии №18 баргузор гардид.














