4 сентябри соли равон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар яке аз мавзъҳои зебоманзари пойтахт — кӯчаи Низомии Ганҷавии ноҳияи Сино бо гузоштани санги асос ба сохтмони бинои бисёрфунксионалии баландошёна оғози расмӣ бахшиданд.
Ҳангоми муаррифии лоиҳаи иншоот ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки бино аз меҳмонхонаи 5- ситорадор ва маркази тиҷоратии бузург иборат аст.
Тибқи лоиҳа, ин маркази бузурги бисёрфунксионалӣ аз ду бино иборат буда, дорои меҳмонхонаи 20-ошёна ва маркази тиҷоратии 17-ошёна мебошад. Шумораи умумии ҳуҷраҳои меҳмонхона 160 адад буда, аз 2 ҳуҷра барои меҳмонони воломақом, ҳар яке бо масоҳати 250 метри мураббаъ дар ошёнаҳои 12-ум ва 15-ум, 13 ҳуҷраи люкс, ки масоҳати ҳар яки онҳо 80 метри мураббаъ, 35 ҳуҷраи стандартӣ иборат мебошад.






Рӯзи 4 сентябри соли равон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар хиёбони Рӯдакии пойтахт барои сохтмони Маҷмааи баландошёнаи бисёрфунксионалӣ, бо ҷойгиркунии меҳмонхонаи замонавии панҷситорадори 24 ошёна ва ду адад апартаментҳои резиденсии (қароргоҳӣ) 18-ошёнаи «GRAND RUDAKI TOWER» санги асос гузоштанд.
4 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар пойтахти мамлакат ба сохтмони меҳмонхонаи панҷситорадори «Дипломат» оғози расмӣ бахшида, бо лоиҳаи он шинос гардиданд.
ФАРМОНИ














