Нимаи дуюми 25 июни соли равон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади шиносоӣ аз вазъи зиндагии сокинон ва ҷараёни корҳои созандагию бунёдкорӣ аз Деҳоти Сартало ба маркази ноҳияи Лахш — шаҳраки Ваҳдат ташриф оварданд.
Дар фурудгоҳи ноҳияи Лахш роҳбарият ва сокинони меҳнатқарини он Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро бо самимият ва муҳаббати беандоза истиқбол гирифтанд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари кории худ ба ноҳияи Лахш дар шаҳраки Ваҳдат аз намоиши ҳунарҳои мардумӣ ва чорабинии фарҳангӣ дидан намуданд.
Зимни боздид аз намоишгоҳ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба маҳсули дастони пурэъҷози ҳунармандон, ки дар сатҳи баланд ба намоиш гузошта шуд, таваҷҷуҳ зоҳир намуданд. Дар намоишгоҳ занону духтарони ҳунарманд, оҳангарону табақтарошон, нонпазони моҳир аз 10 ҷамоати шаҳраку деҳоти ноҳия иштирок карда, маҳсули ҳунари худро пешниҳод намуданд.