Дар толори Маркази саломатӣ шаҳри Гулистон семинар-машварат бо иштироки мутахассиси Маркази ҷумҳуриявӣ оид ба ВНМО Моҳҷон Бобиева ва мутахассиси БПНМ-и вилояти Суғд Азиза Ниёзметова баргузор гардид. Дар семинар-машварат мутассадиёни соҳаи тиб аз шаҳракҳо, кормандони маориф, мутахассисони САҲШ, табибони сироятшинос, кормандони маркази назорати санинатарию эпидемиологии шаҳри Гулистон иштирок намуданд.
Семинар-машваратро бо сухани ифтитоҳӣ сартабиби беморхонаи марказии шаҳр Гулсанам Пӯлодиён оғоз намуда, оид ба ташаккули тарзи ҳаёти солим, оид ба пешгирии бемории вируси норасоии масъунияти одам ва бемории гепатити В, С ва роҷеъ ба Барномаи миллӣ оид ба ВНМО дар байни аҳолӣ суханронӣ намуд.






Дар толори бахши ҳифзи муҳити зист бо кормандони соҳаи маориф, муҳоҷират, шуғли аҳолӣ ва меҳнат, молия,раисони ҷамоатҳо, вакилони шаҳрӣ мизи мудаввар дар мавзўи «Маблағгузории таҳсилоти ғайрирасмӣ ва калонсолон дар сатҳи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» баргузор гардид. Дар семинар вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Нурулло Оқилзода, намояндаи ташкилоти байналмилалї Зарина Холиқова доир ба мавзӯи семинар-машварат баромад намуданд.
Тибқи ҷадвали гузаронидани вохӯриҳои вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳудуди шаҳри Гулистон мулоқоти вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Нурулло Оқилзода бо интихобкунандагони ҳавзаи интихоботии №18 баргузор гардид.














