24 август дар шаҳри Гулистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд машварати корӣ доир карданд.
Дар кори машварат натиҷаҳои рушди иҷтимоиву иқтисодии вилояти Суғд дар 7 моҳи соли 2019 ҷамъбаст гардида, ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Президент ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, вусъати корҳои ободонӣ, рушди соҳаҳои саноат ва кишоварзӣ дар назди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои вилоят вазифаҳои мушаххас гузошта шуд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сафари корӣ дар шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Гулистон, Бӯстон, Кӯҳистони Мастчоҳ, Зафаробод, Деваштич ва Ҷаббор Расуловро натиҷагирӣ карда, аз ҷараёни корҳои ободониву бунёдкорӣ ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон изҳори қаноатмандӣ намуданд.






Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар чорабиниҳои "Иди харбуза", "Иди кадуи хонапуркун", "Иди ангур", "Иди асал", Фестивали "Оши палав" ва даври вилоятии Озмуни ҷумҳуриявии "Нон шудам шоистаи ҳар хон шудам", ки рӯзи 24-уми август дар шаҳри Хуҷанд баргузор гардид, иштирок намуданд.
24 августи соли ҷорӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бӯстони вилояти Суғд корхонаи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Дурахшон — Бӯстон»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор дода, бо имкониятҳои он аз наздик шинос шуданд.
Имрӯз дар доираи сафари корӣ ба вилояти Суғд, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бӯстон коргоҳи маҳсулоти сохтмонии ҶДММ “Тоҷфилиз”-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.














