Дар маркази фароғатӣ-фарҳангии “Манижа” ба муносибати 30-солагии баровардани қӯшунҳои Иттиҳоди шӯравӣ аз хоки Афғонистон ҷамъомади ботантана баргузор гардид.
Муовини Раиси шаҳри Гулистон Ғайрат Оқилзода ҷанговарони интернатсионалистро ба ин муносибат аз номи Раиси шаҳри Гулистон Фирдавс Шарифзода табрик намуда, доир ба фаъолияти ташкилоти ҷамъиятии Иттифоқи ҷанговарони интернатсионалист ва муҳофизони сохти конститутсионӣ, саҳми онҳо дар тарғибу ташвиқи ғояҳои ватандӯстӣ ва ваҳдати миллӣ, суботи ҷомеа сухан ронд. Сипас раиси Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати шаҳр Каромат Қосимова ҷанговарони интернатсионалистро шодбош намуд.
Дар вазъи мутантан ба 41 нафар ҷанговарони интернатсионалист медалҳои ҷашнии “30-солагии баровардани қӯшунҳои Иттиҳоди шӯравӣ аз хоки Афғонистон” ва туҳфаҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр супорида шуданд.






Дар толори шуъбаи маорифи шаҳр бо иштироки сармуҳосибон семинар-машварат доир ба тавзеҳи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2019” ва масъалаҳои марбут ба андоз ва андозбандӣ баргузор гардид.
Дар толори бахши муҳити зисти шаҳри Гулистон бо иштироки намояндагони ҷамоати шаҳракҳо, корхонаву муассисаҳо ҷаласа оид ба баррасии Барномаи давлатии комплекси рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи то соли 2020 баргузор гардид.
12 феврали соли равон Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо мақсади шиносоӣ бо ҷараёни корҳои ободониву бунёдкорӣ ба шаҳрҳои Бӯстону Гулистон ва ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сафари корӣ анҷом дод.
ГУЛИСТОН.













