Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Деҳоти ба номи “Ҳайдар Усмонов”-и ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд беморхонаи ноҳиявии рақами 3-ро бо 120 кат мавриди истифода қарор доданд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо шароити замонавии беморхона, ки аз 4 шуъба ва бахшҳои ёрирасон иборат мебошад, шинос шуда, ба сифати корҳои анҷомёфта баҳои баланд доданд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои иҷрои вазифаҳои пурмасъул дар самти анҷоми хизматрасониҳои сатҳи баланди тиббӣ ба аҳолӣ, пешгирӣ ва муолиҷаи саривақтии намудҳои гуногуни бемориҳо ба масъулон ва мутахассисони соҳа дастуру ҳидоятҳо доданд. Таъкид намуданд, ки солимии ҷомеа дар меҳвари асосии сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад ва маҳз бо ҳамин мақсад дар мамлакат иқдомҳои созанда дар ин самт амалӣ карда мешаванд, то мардум аз хизматрасонии сатҳи баланди тиббӣ баҳравар шаванд.






Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни сафари корӣ дар вилояти Суғд аз Муассисаи давлатии Боғи миллии «Ваҳдат»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров боздид ба амал оварда, баъди шиносоӣ бо дастовардҳои коргарон токзори нав ва боғи суперинтенсивии дарахтони гелосу шафтолуро бунёд карданд.
Имрӯз дар доираи сафари корӣ ба вилояти Суғд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд ба 100 нафар ятими кулл, ки таълимгирандагону донишҷӯёни муассисаҳои миёнаву олии шаҳри Хуҷанд мебошанд, туҳфаҳои идона тақдим намуданд.
Имрӯз дар шаҳри Хуҷанд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои Қасри ҷавононро, ки бо тарҳи хеле зебои миллӣ таъмиру таҷдид гардидааст, бо бардоштани парда аз лавҳаи рамзӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Дар маркази шаҳри Бӯстони вилояти Суғд бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷиистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Маҷмааи нави хизматрасонии «Баҳор» мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.
















