Матни равон

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Сангвор бо буридани лентаи рамзӣ ба фаъолияти расмии Маркази савдои «Давлатҷон», ки аз тарафи соҳибкори ватанӣ Хайрулло Давлатов дар доираи эълони солҳои 2019 — 2021 ҳамчун «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» сохта шудааст, оғози расмӣ бахшиданд.

Тибқи иттилоъ, корҳои сохтмонӣ дар ин маркази тиҷоратӣ соли 2017 оғоз шуда, дар рафти бунёди иншоот зиёда аз 10 нафар сокини ноҳия ба кор ҷалб гардида буданд.

Бино аз ду ошёна ва таҳхона иборат буда, ошёнаи якум барои мағозаи фурӯши молҳои ниёзи мардум ва ошёнаи дуюм ҳамчун маркази ҷавонон барои баргузории тӯю маъракаҳо пешбинӣ шудаанд.

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Сангвор аз гӯшаи намоишгоҳи кишоварзӣ дидан намуда, бинои маркази савдои «Хингоб»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Дар намоишгоҳ намунаи маҳсулоти кишоварзӣ ва ҳунарҳои дастӣ, ки расму анъанаҳои мардуми кӯҳистонро таҷассум мекарданд, ба маъраз гузошта шуд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳунари волои кадбонуҳои ин ноҳияи дурдасти мамлакатро, ки дар ин намоишгоҳ ба пӯхтани нонҳои лазиз машғул буданд, шоёни таҳсин хонда, барои омӯзиши он ба ҷавондухтарон дастуру ҳидоятҳо доданд.

Таъкид гардид, ки бо ҳидоятҳои бевоситаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Сангвор ҷиҳати эҳё ва рушди ҳунару анъанаҳои миллӣ тадбирҳои зиёд андешида мешаванд ва таваҷҷуҳи ҷавондухтарон тайи солҳои охир ба омӯзиши онҳо бештар гардидааст.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ ба ноҳияи Сангвор дар маркази он ба корҳои сохтмонӣ дар бинои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳия ва шуъбаҳои маориф ва амнияти миллӣ оғози расмӣ бахшиданд.

Бинои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Сангвор ва Шуъбаи маориф дар асоси дастуру супоришҳои бевоситаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сохта мешаванд ва дар онҳо барои кормандон ҷиҳати боз ҳам беҳтар намудани кору фаъолият дар самти ҳифзи дастовардҳои миллӣ ва саҳмгузорӣ дар пешрафти Тоҷикистони азиз имконоту шароити муосир фароҳам оварда хоҳад шуд.

Бинои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Сангвор дуошёна сохта мешавад ва дар тарҳи иншоот бунёди 1 толори варзишӣ, 4 утоқи корӣ ва утоқи бойгонӣ пешбинӣ гардидааст.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Сангвор нахуст майдончаи варзишии Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 1-ро мавриди истифода қарор доданд.

Майдончаи варзишӣ дар масоҳати 540 метри мураббаъ дар доираи дастуру ҳидоятҳои бевоситаи Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти ҷалби ҷавонону наврасон ба варзиш ва солимгардонӣ сохта шудааст.

Тавре иттилоъ дода шуд, дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 1-и ноҳияи Сангвор 450 нафар хонанда дар ду баст ба таълим фаро гирифта шудааст ва аз надоштани майдончаи муосири обу тоби бадан то ба имрӯз танқисӣ мекашиданд.

Акнун дар доираи иқдомҳои бунёдкоронаи Пешвои муаззами миллат ва омодагиҳо ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар ноҳияи Сангвор хонандагони ин муассисаи таълимӣ соҳиби майдончаи муосири варзишӣ гардиданд.

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ва ҷиҳати иштирок дар тантанаҳои идона ба истиқболи 22-юмин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ, ифтитоҳи як қатор иншооти дорои таъиноти гуногун ва суҳбату вохӯриҳои судманд бо сокинон ба ноҳияҳои водии Рашт ташриф оварданд.

Сафари кории Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба водии Рашт аз ноҳияи Сангвор оғоз гардид ва мардуми меҳнатқарини ин ноҳия Пешвои миллатро бо руҳияи болида ва ифтихори баланд аз ватану ватандории миллӣ гарму самимӣ истиқбол гирифтанд.

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

ТАВАҶҶУҲ, ОБ ЗАХИРА КУНЕД!

ТАВАҶҶУҲ, ОБ ЗАХИРА КУНЕД!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ба самъи сокинон ва меҳмонони шаҳр мерасонад, ки бинобар бар...

27 Апр 2026

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

10 Сен 2025

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

04 Дек 2024

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

24 Апр 2024

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:782
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:2833
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:4722
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:30408
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:4722
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:133760
mod_vvisit_counterҲамагӣ:9950212

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?