Мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» қарори Раиси шаҳри Гулистон Фирдавс Шарифзода аз 17-уми июни соли 2019 № 143 оид ба даъвати иҷлосияи нуздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Гулистон ба тасвиб расида, баргузории он санаи 26-уми июни соли равон таъин гардидааст.
Вакилони иҷлосияи нуздаҳум тибқи қарори мазкур масъалаҳои зеринро баррасӣ менамоянд: рафти иҷрои қарории Раиси вилояти Суғд аз 28-уми марти соли 2018, №67 “Дар бораи эълон намудани 1300 рӯзи меҳнати зарбдор ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” дар шаҳри Гулистон, ҳисоботи комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи шаҳр оид ба масъалаҳои ислоҳоти иқтисодӣ ва буҷет, ҳисоботи вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳр аз ҳавзаи интихоботии «Хисрав», №17 Муҳаммадзода Мӯмин оид ба ваколатҳои вакилӣ, Дар бораи ба фурӯш гузоштани истироҳатгоҳи “Қайроққум”-и Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ва тасдиқи қарорҳои раиси шаҳр.






Ба ифтихори Рӯзи Ваҳдати миллӣ тибқи нақшаи Шӯрои вилоятии Ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон дар толори мактаби санъати шаҳр маҳфили “Адибони ваҳдатсаро” доир гардид.
Дар толори мактаби санъати шаҳр Пленуми IV Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати шаҳри Гулистон доир гардид. Доир ба фаъолияти Шӯро дар давоми шаш моҳи соли равон ва вазифаҳои он оид ба таҷлили 75-солагии Рӯзи Ғалаба раиси Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати шаҳри Гулистон Каромат Қосимова маърӯза намуд.
Дирӯз аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон якчанд қонунҳо ба имзо расонида шуданд.
Дар толори бахши ҳифзи муҳити зисти шаҳри Гулистон тибқи барномаи “Сиёсати давлатии муқовимат бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” курси сайёри такмили ихтисос барои намояндагони маќомоти давлатии муборизабаранда ба муқобили коррупсия - намояндагони мақомоти прокуратура, Вазорати корҳои дохилӣ, кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи вилотяи Суғд дар давоми се рӯз доир гардид. 














