Раҳмон "Роғун"-ро бо номи Худо фаъол сохту бо танга имтиҳон кард 18:22 16.11.2018 https://sputnik-tj.com/
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, дар пайи фаъолсозии чархаи аввали нерӯгоҳи "Роғун" муназзам будани кори онро бо истифодаи танга санҷид
ДУШАНБЕ, 16 ноя — Sputnik. Раисиҷумҳури Тоҷикистон бо зикри номи Худо тугмаи оғози кори агрегатро зер карда, бо танга дар даст назди чархаи фаъоли нерӯгоҳи “Роғун” омад. Ӯ тангаро болои чарха рост гузошт, то муназзам будани кори онро озмояд.
Тангаи ростмондаи раисиҷумҳур дар ҷояш истод ва ба самте ҳаракат накарду наҷунбид. Дар пайи ин Эмомалӣ Раҳмон бо изҳори қаноатмандӣ даст бардошту қарсак зад.




















