Пайи суди хешу зиёни касон
Биҷӯянд дин андароранд паеш
Имрӯз дар шабакаҳои иҷтимоӣ роҳбарияти ТЭТ ҲНИТ бо ҳар гуна восита дур аз Ватан, дар зери қаноти хоҷагони хориҷии худ паноҳ гирифта, худро чун мусичаи бегуноҳ вонамуд менамоянд ва сангу неш бар сӯйи Ватани хеш мезананд.
Аз тамошои филм ва иқрори худи аъзои ин ҳизби мамнуъшуда ва номуваффақ дар интихобот баръало муайян мешавад, ки ҷанги таҳмилии бародаркушӣ ва сабаби куштори ҳазорон мардуми бегуноҳ маҳз аъзои садорати ин ҳизб ба ҳисоб мерафтаанд. Баъд аз созишномаи истиқрои сулҳ асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамаи иштирокчиёни ин ҷанги бемаъниро бахшид ва ба онҳое, ки барои мансаб доду фарёд мезаданд, мансаб дод.






















