Матни равон

Рӯзи 21-уми марти соли 2018 дар Боғи фарҳангӣ-фароғатии «24-солагии Истиқлолият» бахшида ба Иди байналмилалии Наврӯз бо иштироки теъдоди зиёди сокинон ва меҳмонони шаҳр чорабинии калони идона баргузор шуд.

Раиси Бонки миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшед Нурмуҳаммадзода, муовини Раиси витлояти Суғд Анвар Яъқубӣ, ки бо мақсади иштирок дар тантанаи наврӯзӣ ба макони баргузории чорабинӣ омада буданд, бо ҳамроҳии Раиси шаҳри Гулистон Сатториён Матлубахон Амонзода аз намоишгоҳҳо ва растаҳои гуногуни наврӯзӣ боздид намуда, бо намунаҳои ҳунарҳои мардумӣ, аз қабили қолинбофӣ, сӯзанидӯзӣ, адрасбофӣ, атласбофӣ, сабадсозӣ, қуроқдӯзӣ, зардӯзӣ, инчунин маҳсулоти соҳаи саноату сайёҳӣ ва таомҳои хоси Наврӯз - ҳафтсину ҳафтшин шинос гардиданд. Зимни боздид аз намоишгоҳи «Шаҳраки наврӯзӣ» меҳмонон ҳунарнамоии рассомони ҷавон, санъаткорони наврас ва бозиҳои гуногуни миллиро, ки кӯдакону наврасон иҷро менамуданд, тамошо карданд.

Дар толори хурди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон бо иштироки Раиси шаҳр Сатториён Матлубахон Амонзода, Раиси бонки миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон Нурмаҳмадзода Ҷамшед, муовини Раиси вилоят Анвар Яъқубӣ ба собиқадороне, ки дар пешбурди соҳаҳои хоҷагии халқи шаҳр саҳми арзанда гузоштаанд, ба 10 нафар гулистониён кумаки молиявии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вазъи мутантан дар ҳаҷми 1000 сомонӣ ва ба 2 нафар кумаки молиявии Раиси вилояти Суғд дар ҳаҷми 500 сомонӣ супорида шуданд.

* * *

Бо мусоидати мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ва дастгирии корхонаву муассисаҳо ва соҳибкорон қариб ба 600 оила кумаки яквақтинаи моддӣ - маводи хӯрокворӣ расонида шуд.

* * *

Дар арафаи иди Наврӯз бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр хатнасури 12 нафар писарбачаҳо аз оилаҳои ниёзманд тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” доир карда шуд.

26 март таҳти раёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси навбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд.

Дар кори маҷлис нахуст аз руи масъала “Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва  самарабахш   дар   давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2018-2019”, гузориши Вазири рушди иқтисод ва савдо Неъматулло Ҳикматуллозода шунида шуд.

Таъкид гардид, ки мақсади таҳияи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян кардани супоришу тадбирҳо вобаста ба ҳалли масъалаҳои омодагии соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ ба мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2018-2019 мебошад.

25 март Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар тантанаҳои бошукуҳи идонаи наврӯзӣ, ки дар “Наврӯзгоҳ” — и пойтахт баргузор гардид, иштирок ва суханронӣ карданд.

Мавриди зикри хос аст, ки сокинони ноҳияҳои шаҳри Душанбе ҷашни Наврӯзро бо комёбиҳои беназир истиқбол гирифтанд. Танҳо давоми як соли охир пойтахти кишвар бо бунёди иншооти гуногуни маишӣ, маъмурӣ, истиқоматӣ, гулгашту хиёбонҳо, майдончаҳои варзишӣ, азнавсозии боғҳои фарҳангию фароғатӣ ва ғайра симои тоза ба бар кард.

Дар ҳошияи иҷлосияи 72-юми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид ба муносибати оғози Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” аз руи ташаббуси навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар шаҳри Ню — Йорки Иёлоти Муттаҳидаи Америка бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор гардид, мақолаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Маҷаллаи “Нигориши СММ” таҳти унвони “Об барои рушди устувор” (Water for Sustainable Development) ба табъ расида, пешкаши доираи васеи хонандагон гардид.

Дар ин мақола Сарвари давлати Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба ҳадафҳо ва зарурати пешниҳоди Даҳсолаи нави байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018 — 2028”, таҳияи тадбирҳо ва натиҷаҳои ташаббусҳои қаблии ҷониби Тоҷикистон оид ба ҳалли масъалаҳои марбут ба оби ошомиданӣ бар нафъи аҳли башар, маълумоти дақиқу пурмуҳтаво ва таклифу пешниҳодҳои асосноку созандаро ба миён гузоштаанд.

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

МУРОҶИАТ БА РАИС!

+992300000018

+992300000018

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

04 Дек 2024

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

24 Апр 2024

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд ...

04 Ноя 2021

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон   https://youtu.be/ZH0ryjEAOyE

28 Ноя 2019

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:1210
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:1125
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:3646
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:11760
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:23427
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:66589
mod_vvisit_counterҲамагӣ:8299528

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?