Мо, ҷавонони шахри Гулистони вилояти Суғд вобаста ба вазъияти кунунии ба амал омада дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва нашри ақидаҳои ихтилофангезонаи гурӯҳҳои мухолиф нисбат ба шароит ва ҳолати имрӯзаи ин пораи Тоҷикистон, ба тамоми мардуми шарифи Точикистон, аз ҷумла ҷавонони минтақа муроҷиат намуда, изҳор менамоем, ки имрӯз дар чунин шароити ҳассос ва сарнавиштсоз, набояд фирефтаи суханони гурӯҳҳои ҷиноятӣ гардида, ҳар гуна амалҳои номатлубро бар зидди давлату миллати хеш раво бубинем.
Имрӯз душманону хоинони миллат аз хориҷи кишвар истода тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ ҳар гуна андешаҳоро паҳн намуда мардумро гумрох карданианд. Мо чавонон набояд фирефтаи ин гуруххои тундрав шуда, бар ватани азизамон зарар расонем. Кушиш намуданамон лозим меояд, ки хангоми истифодаи шабакахои интернети акламонро кор фармуда шахсони ватандустро аз хоинону ватанфурушон чудо карда тавонем. Мо чавонон тайёрем, ки он супоришу фармонхое, ки аз чониби Хукумати Чумхурии Точикистон тадбик мегарданд итоат намуда, ичро намоем.






12 октябр дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи Ҷаласаи Шӯрои сарони ҳукуматҳои давлатҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай роҳбарони ҳайатҳои иштирокчии Ҷаласаи Шӯро ва сохторҳои доимамалкунандаи Созмони Ҳамкории Шанхайро ба ҳузур пазируфтанд.















