Дар толори хурди Маркази саломатии шаҳр ҷаласаи ҳисоботии ташкилоти ибтидоии Шўрои собиқадорони соҳаи тандурустӣ бо иштироки собиқадорони соҳа баргузор гардид.
Раиси ТИ собиқадорони соҳаи тандурустӣ Олим Султонов оид ба фаъолияти ташкилот дар давраи ҳисоботӣ маърўза намуд. Дар музокира собиқадорон Абдурасул Бобоев ва Тутӣ Зайниддинова иштирок карда, фаъолияти ташкилотро дар давраи ҳисоботӣ қаноатбахш арзёбӣ намуданд.