Праздник в Зарнисоре
«Согдийская правда» 9 сентябри соли 2015, №74
Маводи Саидҷон Сулаймонов оид ба доиршавии тантанаи идона дар шаҳраки Зарнисор бахшида ба 24-солагии Рӯзи Истиқлолият дар ин шумора дарҷ гардидааст.
Аёдати собиқадорон
«Ҳақиқати Суғд» 10 сентябри соли 2015, №109
Тӯйи арӯсию хатнасӯри кӯдакон ва аёдати оилаҳои ниёзманд, собиқадорони меҳнат, ки ба ифтихори ҷашни соҳибистиқлолӣ бо иқдоми Раиси шаҳр Матлубахон Амонзода сурат гирифтааст АМИТ «Ховар» хабар медиҳад.






Дар маркази вилоят-шаҳри Хуҷанд озмуни «Тарроҳи беҳтарини либосҳои миллӣ ва хандаи ҳусн» ба ифтихори Соли оила баргузор гардид. Озмун аз рӯи панҷ шарт сурат гирифт. Намояндагони шаҳри Қайроққум Меҳрона Кабирова, Шаҳноза Султонова, Холида Эшматова, Мавзуна Сайфуллозода ва Нилуфар Раҳимова дар иҷрои шартҳои озмунӣ таҳти сарварии мудири бахши кор бо занон ва оила Муслимахон Исоқова фаъолнокӣ нишон доданд.













