Дар толори хониши китобхонаи марказии шаҳр бахшида ба Рӯзи китоб ҳамоиши китобдӯстони шаҳр таҳти унвони «Китоб оинаи зиндагӣ» баргузор гардид.
Дар ибтидо директори китобхонаи низоми марказии шаҳр Омина Мирзоева баромад намуда, роҷеъ ба аҳамияти китоб ва китобхонӣ ҳарф зад. Сипас адиби қайроққумӣ Илҳом Раҳим доир ба манфиати китоб сухан ронда, китобҳои нави шогирдон ва қаламкашони қайроққумиро муаррифӣ карда, аз ашъори худ шеърҳо қироат намуд. Баъдан нозири маҳаллаи «Дӯстии халқҳо» Наталя Мирзораҳимова, сардори шуъбаи бачагонаи китобхона Лариса Седунова, намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр Гулрабо Ҷабборӣ доир ба китоб ва мавқеи он дар ҳаёти инсон мубодилаи афкор намуданд.






Дар тамоми муассисаҳои таълимии шаҳр Рӯзи дониш ба тантана ва иди бошукӯҳе мубаддал гардид. Муовини раиси шаҳри Қайроққум Fайратҷон Оқилов зимни баромади хеш назди омӯзгорону хонандагон ва падару модарон дар МТМУ-и №1 оид ба таҷлили рӯзи аввали таҳсил, моҳияту ғояи безаволи сулҳу озодӣ, перомуни соли нави таҳсил ва ғамхориҳои ҳукумату давлат ба соҳаи маориф ҳарф зада ба ҳозирин барори комгориҳои тозаро таманно намуд.
Омӯзгорони мӯҳтарам!














