Матни равон

Тарғиби оиладорӣМаҳфили навбатии «Оилаи тифоқ» дар шаҳрак баргузор шуд. Муслимахон Исоқова, мудири бахши кор бо занон ва оилаи МИҲД-и шаҳр оид ба муқаддасоти оила, пойдории он, пешгирии никоҳи бармаҳал ва сабабҳои пошхӯрии оилаҳои ҷавон ҳарф зад. Оилаҳои Ҷумъаевҳо, Ахмедовҳо ва Қосимовҳо аз ҳаёти тӯлонии якҷоя, роҳҳои дурусти тарбияи фарзанд ва муоширати боэҳтиромона байни аъзоёни оила ба иштирокдорони чорабинӣ нақлҳои муфид намуданд.

Қироати пораҳои шеърӣ аз тарафи толибилмони макотиби шаҳрак анҷомбахши қисми ниҳоии маҳфил гардид.

808-летие Мавлоно Джаллолиддина РумиТоржественные мероприятия, посвященные 808-летию великого поэта и мыслителя Мавлоно Джаллолиддина Руми прошли в городе Кайраккуме. В СОУ № 1 в фойе были выставлены буклеты, стенгазеты и плакаты, рассказывающие о жизни и деятельности Руми.

Представитель ИОГВ Ильхом Мадализода и главный редактор областной газеты «Сухани Халк» Тоджибой Султони выступили перед учащимися и преподавателями. И.Мадализода передал коллективу школы поздравление от имени председателя города Матлюбахон Амонзода.

Субҳи дируз дар шаҳраки Адрасмони шаҳри Қайроққум вохӯриҳо бо зиёда аз 500 нафар ҷавонон аз мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумии рақамҳои 4,5,7 ва 13 фаъолони ҳизб ва волидони муҳассилин оиди баромади Ҷаноби Олӣ мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бахшида ба 70-солагии Донишгоҳи Давлатии шаҳри Кӯлоб, ҳодисаҳои фоҷиабори санаи 04.09.2015 дар шаҳри Душанбе ва Ваҳдат, пешгирии гаравидани ҷавонон ба гурӯҳҳои террористӣ ва экстремистӣ гузаронида шуд.

Вохӯрӣ аз тарафи мудири шӯъбаи кор бо бонувон Бадалова Саёҳат, мудири шӯъбаи ҷавонон ва ТҶҶ «Созандагони Ватан» Анис Ҳотамӣ, аъзои ихтиёрии «Созандагони Ватан» - Амонов Санҷар гузаронида шуд. Дар вохӯрӣ намояндаи шӯъбачаи шӯъбаи вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳраки Адрасмони шаҳри Қайроққум Кассиров Наврӯз иштирок ва баромад намуд.

Роҳ обод – мардум шодДар доираи тадбирҳои «Соли 2015-Соли идомаи роҳҳои обод» таъмиру таҷдид ва мумфаршкунии роҳҳо дар қаламрави шаҳр вусъат меёбад.

ҶМ ТКММ «Апрелевка» (директори генералиаш Бахтиёр Маҷидов) бо дастури Раиси шаҳри Қайроққум Матлубахон Амонзода пули дар даромадгоҳи шаҳрак воқеъбударо пурра таъмир намуд. Дарозии купрӯк 80 метр ва паҳноиаш 8 метр аст, ки пурра мумфарш гардид.

Оммавияти варзишМуассисаи давлатии «Мактаби варзишии бачагон ва наврасони шаҳри Қайроққум» бо мусоидат ба қарори Раиси шаҳр таҳти №1, аз 5 январи соли 2015 доир ба гузаронидани Рӯзи варзиш ва солимгардонии аҳолӣ шанбеи чоруми моҳи сентябр як қатор чорабиниҳои варзиширо бо ҷалби васеи шаҳрвандон роҳандозӣ намуд.

Дар маркази шаҳр ва шаҳракҳои Зарнисор, Консой ва Адрасмон мусобиқаҳои гуногуни варзишӣ оид ба намудҳои футболу волейбол, шоҳмоту шашка, гуштини юнони-румӣ, карате-до, таэкван-до, варзиши сабук ва бокс миёни ҷомеаҳои меҳнатӣ ва мактабиён гузаронида шуд. Бино бар шарҳи намояндагони масъул теъдоди умумии иштирокчиён зиёда аз 3 ҳазор нафар буд.

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

ТАВАҶҶУҲ, ОБ ЗАХИРА КУНЕД!

ТАВАҶҶУҲ, ОБ ЗАХИРА КУНЕД!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ба самъи сокинон ва меҳмонони шаҳр мерасонад, ки бинобар бар...

27 Апр 2026

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

10 Сен 2025

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

04 Дек 2024

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

24 Апр 2024

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:3396
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:4901
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:3397
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:38399
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:106748
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:145970
mod_vvisit_counterҲамагӣ:9918478

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?