Матни равон

Дар толори асосии Қасри Арбоби ноҳияи Бобоҷон Ғафуров 28 октябри соли равон Конференсияи байналхалқӣ таҳти унвони «Камоли Хуҷандӣ: ташаккули адабиётшиносӣ ва равобити адабӣ» баргузор гардид. Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ дар Конференсия иштирок ва суханронӣ намуд. Раиси вилоят баргузории ин ҳамоиши илмии байналмилалиро аз тадбирҳои судманди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд дар татбиқи дастури Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бахшида ба таҷлили 700-солагии шоири ширинкаломи тоҷик Хоҷа Камоли Хуҷандӣ, ки соли 2020 баргузор хоҳад гашт, арзёбӣ намуд.

Дар конференсияи мазкур олимону донишмандони шинохта, камолшиносони шаҳир аз кишварҳои ИМА, Ҳиндустон, Олмон, Миср, Ҷумҳурии Исломии Эрон, Афғонистон, Покистон, ӯзбекистон, Тоҷикистон иштирок ва суханронӣ намуданд.

Гурӯҳи калони зиёиёни гулистонӣ – омӯзгорон, адибон ва собиқадорон низ дар ифтитоҳи ҳамоиши байналмилалӣ иштирок намуданд. Раиси Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати шаҳр Муҳаммадҷон Файзуллоев андешаҳои худро аз Конфронси мазкур чунин изҳор намуд:

- Бо чунин шукӯҳу шаҳомат ба вуқӯъ пайвастани ҳамоиши байналмилалӣ шоистаи таҳсин мебошад. Бароям маърӯзаи Раиси вилоят муҳтарам Абдураҳмон Қодири як ҷаҳон таассурот ва илҳом бахшид. Роиҷ ба зикр аст, ки тавассути сиёсати фарҳангпарваронаи Сарвари хирадманди давлати тоҷикон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз фарҳанги худшиносии миллӣ ба омили асосии ҳастии миллат мубаддал гардида, бо  тадбирҳои хирадмандонаи Пешвои миллат дар даврони Истиқлолият ҷашнҳои бузурги  илмиву фарҳангӣ, ба монанди 1100-солагии Давлати Сомониён, 1000-солагии «Шоҳнома», 1150-солагии устод Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, 800-солагии Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ, 700-солагии Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, 600-солагии Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ ва чандин ҷашнҳои дигар, ки ҳама нишонаи барҷастаи рушди худшиносии миллӣ ва илму адаб дар даврони Истиқлолият мебошанд, баргузор гардиданд. Ин иқдому ибтикорот дар тарғиби ғояҳои ватанпарастӣ, худшиносии миллӣ, дурахшонии афзунтари илму маърифат ва густариши равобити маънавӣ таъсири амиқ гузошта, ҷомеаи моро дар таҳкими ғояҳои миллӣ собитқадамтар менамояд.

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

МУРОҶИАТ БА РАИС!

+992300000018

+992300000018

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

04 Дек 2024

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

24 Апр 2024

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд ...

04 Ноя 2021

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон   https://youtu.be/ZH0ryjEAOyE

28 Ноя 2019

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:12670
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:5471
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:27197
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:11751
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:49121
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:50757
mod_vvisit_counterҲамагӣ:8258633

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?