29 Декабр 2018
Дар шаҳри Гулистон тибқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мухтарам Эмомалӣ Раҳмон дар боби ободу зебо гардонидани маҳалли зист, хиёбонҳо, гулгашту майдонҳо корҳои мушаххас роҳандозӣ карда мешаванд.
Дар ҳашари умумишаҳрӣ сокинони шаҳр, намояндагони ҷомеаҳои меҳнатии корхонаву ташкилот, идораву муассисаҳо аҳлона ширкат варзида, муҳити зист, атрофи идораву муассисаҳои худро тозаву озода намуда, ҳамзамон дар ҳашари шинонидани ниҳолҳои дарахтони сояафкану ороишӣ ва гулҳои мавсимӣ муташаккилона иштирок намуданд.
Тибқи маълумоти КВД “Хоҷагии манзилию коммуналӣ”-и шаҳр дар ҳашари умумишаҳрӣ намояндагони ҷомеаҳои меҳнатии корхонаҳои ҶСК “Қолинҳои Қайроққум”, ҶСК “Моҳипарвари Гулистон”, НБО “Қайроққум”, шабакаҳои барқ, хоҷагиҳои коммуналӣ, сокинони шаҳраки Сирдарё, муассисаҳои таълимӣ, тандурустӣ, коллеҷи тиббӣ, намояндагони идораву ташкилотҳо ва дигарон дар ҳашари умумишаҳрӣ фаълона ширкат варзиданд.
Дар ин рӯз муҳити шаҳр ба миқдори 54 метри мураббаъ аз партов тоза карда шуда, бунёди деворҳои муҳофизатии қади роҳи Гулистон-Хуҷанд идома дода шуд.
Дар шанбегӣ ва ҳашари ниҳолшинонӣ дар минтақаи истироҳатӣ, дар шафати кӯчаҳои асосӣ, аз ҷумла кӯчаҳои Исмоили Сомонӣ, Суғдиён, дар шафати роҳи Гулистон – Хуҷанд, дар атрофи «Обанбори «Баҳри тоҷик», дар назди муассисаҳои таълимӣ, корхонаву ташкилотҳо дарахтону гулҳои нодиру хушнамои мавсимӣ шинонда шуд.
Дар ҳашари имрӯза дар маҷмӯъ ба миқдори 5,5 ҳазор бех сафедор, 570 бех дарахти сӯзанбарг, 1330 бех дарахти ардач, 820 бех санавбар, 18 ҳазор карамгул, 5,5 ҳазор дона садбарг, 20 ҳазор дона гули лола, 29 ҳазор дона гули виола ва 6 ҳазор дона гулҳои мавсимии гуногун шинонда шуд.