Матни равон

Тибқи нақшаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд дар шаҳри Гулистон мулоқоти вакилони халқи Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд аз ҳавзаи интихоботии №15 “Қайроққум” ва аз ҳавзаи интихоботии №16 “Адрасмон” бо интихобкунандагон доир гардид.

Дар толори Мактаби санъати шаҳр мулоқоти вакил аз ҳавзаи интихоботии №15 “Қайроққум” Сатториён Матлубахон Амонзода ба вуқӯъ пайваста, вакил доир ба шарҳи моҳият ва муҳтавои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон суханронӣ намуд.

Дар Қасри фарҳанги “Дӯстӣ”-и шаҳраки Адрасмон бошад мулоқоти вакил аз ҳавзаи интихоботии №16 “Адрасмон” Бахтиёр Маҷидов бо интихобкунадагон баргузор гардид. Мавсуф низ оид ба тавзеҳу шаҳри Паёми Президенти кишвар баромад кард.

Дар вохӯриҳо зикр гардиданд, ки Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки тибқи анъана тайи чанд соли охир дар моҳи декабр ироа гардид, барномаву ҳадаф ва самтҳои асосиву меҳварии фаъолияти мардуми кишварро барои боз як соли дигар дақиқу мушаххас муқаррар намуд. Пешвои миллат Паёми имсолаи хешро бо ишорат ба се рӯйдоди хотирмони таърихӣ ва рамзи накӯиву саодати мардуми тоҷик ва Тоҷикистони азиз, ки дар соли 2018 ба вуқӯъ пайвастанд, оғоз намуданд. Нахуст, оғози татбиқи “ташаббуси чоруми ҷаҳонии мо дар соҳаи об — «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028», дуввум, ба кор андохтани агрегати якуми Неругоҳи барқи обии “Роғун”, яъне “иншооти тақдирсози аср ва ояндаи дурахшони Тоҷикистон, ки ба шарофати он орзуи чандинсолаи мардуми шарифу заҳматқарини тоҷик амалӣ гардид” ва “ҳалли масъалаҳои дар тӯли зиёда аз ду даҳсола бавуҷудомадаи сиёсиву иқтисодӣ ва тиҷоратӣ бо Ҷумҳурии ӯзбекистон дар ҳаёти иҷтимоиву иқтисодӣ ва маънавии мардум”, маҳсуб меёбанд.

Дар Паём Сарвари давлат аз бурду бохти тамоми соҳаҳо изҳори назар карда, дастуру пешниҳодҳои мушаххаси хешро оид ба беҳдошти вазъи ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқ баён намуданд.

Дар навбати худ иштирокчиёни мулоқот, аз ҷумла Садоқат Норматова, Каромат Қосимова, Маҳина Долимова ва Нилуфар Тоҷиддинова баромад намуда, фикру андеша ва бардошти худро аз Паёми навбатӣ иброз намуда, зикр карданд, ки Паёми Пешвои миллат моро ба зиндагии осоишта ва дурахшон роҳнамоӣ менамояд.

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

МУРОҶИАТ БА РАИС!

+992300000018

+992300000018

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

04 Дек 2024

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

24 Апр 2024

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд ...

04 Ноя 2021

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон   https://youtu.be/ZH0ryjEAOyE

28 Ноя 2019

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:1476
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:1734
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:4827
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:10675
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:12848
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:66589
mod_vvisit_counterҲамагӣ:8288949

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?