01 Март 2016
Барои ишғоли мансабҳои маъмурии хизмати давлатии зерин дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр тибқи қарори Раиси шаҳри Қайроққум №46, аз 15 феврали соли 2016 озмун эълон карда мешавад:
- Мудири бахши бойгонии МИҲД-и шаҳр.
- Сармутахассис (заминсоз)- и Ҷамоати шаҳраки Консой.
- Сармутахассис (сармуҳосиб)- и Ҷамоати шаҳраки Адрасмон.
- Мутахассиси пешбари бахши фарҳанг.
- Мутахассиси пешбари шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳо.
- Мутахассис-нозири мизи ҳарбии Ҷамоати шаҳраки Навгарзан.
- Мутахассис-нозири мизи ҳарбии Ҷамоати шаҳраки Чоруқдаррон.
- Мутахассис-нозири мизи ҳарбии Ҷамоати шаҳраки Консой.
- Мутахассиси андози Ҷамоати шаҳраки Адрасмон.
- Мутахассис-нозири мизи ҳарбии Ҷамоати шаҳраки Адрасмон.
Телефонҳо барои гирифтани маълумотҳои муфассал:
(83443) 2-46-11; (92) 706-51-51.
Шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои
Дастгоҳи Раиси шаҳри Қайроққум