05 Май 2023
Дар Ҷамоати шаҳраки Адрасмон Раиси шаҳри Гулистон Раъно Ҳошимзода бо соҳибокорон вохӯрӣ доир намуд. Дар вохӯрии мазкур роҳбарони воҳидҳои сохтории шаҳр ва соҳибкорони шаҳрак иштирок намуданд.
Зимни суханронӣ Раиси шаҳр Раъно Ҳошимзода зикр намуд, ки
пас аз соҳибистиқлол гардидани Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳбарияти олии кишвар роҳи зина ба зина барқарор кардани иқтидори иқтисодии кишварро пеш гирифта, барои ноил шудан ба ин ҳадаф тамоми малакаю заҳмату кушиши худро равона намуда истодаанд.
Ҷиҳати тақвият бахшидан ба раванди амалигардонии ҳадафи чоруми миллӣ “Саноатикунонии босуръати мамлакат” ва бинобар аҳаммияти бузурги соҳаи саноат дар рушди минбаъдаи мамлакат, ҳалли масъалаҳои иҷтимоиву иқтисодӣ ва таъмин намудани иҷрои ҳадафҳои стратегии миллӣ Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи «Солҳои рушди саноат» эълон намудани солҳои 2022-2026 ба тасвиб расид.
Дар доираи сиёсати пешгирифтаи давлату Ҳукумат доир ба дастгирии фаъолияти соҳибкориву сармоягузорӣ дар замони соҳибистиқлолӣ тадбирҳои зарурӣ амалӣ гардида, дар ин самт барои соҳибкорон имтиёзу сабукиҳои зиёд ҷорӣ карда шуданд.
То имрӯз ба онҳо беш аз 120 намуди имтиёзу сабукиҳои андозиву гумрукӣ пешниҳод шуда, шумораи сохторҳои бақайдгирии давлатии фаъолияти соҳибкорӣ аз 4 ба 1 кам гардида, хизматрасонӣ дар ин самт ба таври ройгон ба роҳ монда шудааст.
Ҳадафи асосии вохӯрии имрӯзаи мо беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ, ҷалби сармояи мустақим, дастгирии соҳибкории хурду миёна, баланд бардоштани иқтидори иқтисодӣ ва содиротии шаҳр, бунёди корхонаву коргоҳҳои нави истеҳсолии бозгӯ ба талаботи ҷаҳони муосир, истеҳсоли молу маҳсулоти рақобатпазир, воридотивазкунанда ва муаррификунандаи давлату миллат, таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва дар сатҳи баланди ватандорӣ истиқбол гирифтани Ҷашни 35 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Беҳуда нест, ки мегӯянд соҳибкорон муҳаррики асосии кишвар ба ҳисоб мераванд. Бинобар ин Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои заминаи мусоид фароҳам овардан ба соҳибкорон кӯшиш менамояд ва дар ин самт аз ҳамаи имкониятҳои мавҷуда истифода мебарад.
Дар шаҳр барои рушди соҳибкорӣ заминаҳои мусоид фароҳам оварда шудааст. Дар шаҳр минтақаи саноатӣ мавҷуд аст. ҳамчунин, аз ҷиҳати иқтидори энергетикӣ дар шаҳр мушкилие мавҷуд нест. Дар ҳамаи самтҳо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр омодааст бо соҳибкорон ҳамкории судмандро ба роҳ монад.
Боиси қайд аст, ки соҳаи саноат дар рушди минбаъдаи мамлакат, ҳалли масъалаҳои иҷтимоиву иқтисодӣ ва таъмин намудани иҷрои ҳадафҳои стратегии миллӣ аҳамияти бузург дорад. Захираҳои бузурги ашёи хоми ватанӣ имкон медиҳанд, ки тавассути коркарди пурраи маъдан, аз ҷумла металлҳои рангаву қиматбаҳо саноати сӯзишворӣ, инчунин коркарди маҳсулоти сохтмонӣ рушд намуда, саноатикунонии босуръати мамлакат таъмин карда шавад.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ҷиҳати таҷлили сазовори Ҷашни 35-солагии истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон нақшаи иншоотҳои ҷашниро ба тасвиб расонида дар ин самт корбарӣ намуда истодааст. Лозим аст, ки дар ин самт соҳибкорон низ барои густариши фаъолияти соҳибкории худ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр муроҷиат намоянд ва дар навбати худ мо омода ҳастем, ки ҷиҳати фароҳам овардани шароити мусоид тадбирҳои заруриро амалӣ намоем.