22 Сентябр 2023
Имрӯз, 22.09.2023 дар назди нипайкараи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ дар шаҳр ба муносибати Рӯзи Рӯдакӣ чорабинии фарҳангӣ баргузор карда шуд.
дар чорабинии мазкур муовини Раиси шаҳр Шарифҷони Саидраҳмон, мудири бахши фарҳанги шаҳр Насим Мамаҷонов, раиси КИ ҲХДТ дар шаҳр Ҷамолиён Муслимахон ва Биомина Мирзоева директори китобхонаи системаи марказонидашудаи шаҳр иштирок ва суханронӣ намуданд.
Нахуст, муовини Раиси шаҳр Шарифҷони Саидраҳмон номаи табрикотии Раиси шаҳри Гулистон Раъно Ҳошимзодаро ба муносибати таҷлили Рӯзи Рӯдакӣ манзури иштирокчиён гардонид.
Зикр карда шуд, ки бо шарофати Истиқлолияти давлатӣ, соҳибихтиёрии Тоҷикистон мо имкон пайдо кардем, ки бо кору пайкори абармардони илму адаб, таъриху фарҳанги оламшумули гузаштаи худ эҳтирому сипосмандии воҷиб гузорем ва номашонро зинда нигоҳ дорем. Хушбахтона, дар садри онҳо устод Абуабдуллоҳ Рӯдакӣ қарор дорад, ки мо имсоли 1165-солагии ӯро таҷлил менамоем.
Бо ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз моҳи майи соли 2002 ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» илова ворид гардид, ки дар рӯзи 22-юми сентябр дар саросари кишвар ҳамасола чун Рӯзи Рӯдакӣ, ҳамчун ҷашни фархундаи назми кӯҳан, мероси адабию илмӣ, фаннӣ ва ахлоқии беш аз ҳазорсолаи мо, чун рӯзи ифтихор аз камолоти тамаддуни миллӣ, худшиносӣ ва худогоҳии таърихӣ таҷлил ва арҷгузорӣ мегардад.
Устод Рӯдакӣ на танҳо поягузори адабиёти тоҷику форс, султони шоирон, қофиласолори шеър ва соҳибқирони шоирӣ, балки рамзи ҷовидонаи адаб ва фарҳанги миллати куҳанбунёди тоҷик мебошад. Маҳз бо шарофат ва ба воситаи осори гаронмояи устод Рӯдакӣ асри нуҳ – “асри тиллои”-и адабиёти мо ба ҳисоб рафта, бо мусоидати амирону вазирони хирадманди Сомонӣ устод Рӯдакӣ шуҳраи офоқ гардид. Шеъри Рӯдакӣ бо мазмуну муҳтавои олӣ ва арзишҳои башардӯстонаи худ ҷаҳониёнро ба сулҳу рафоқат, дӯстиву адолат, донишандӯзӣ, рӯзгори босаодат, озодандешӣ ва ҳамгироӣ даъват сохта, ҳамчун рамзи ваҳдати фарҳангӣ ба мардуми олам то кунун хизмат менамояд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ифтихормандӣ дар бобати хидмати беғаразона, ватанпарастона ва ҷоннисоронаи устод Рудакӣ чунин фармудаанд: «Модари тоҷик устод Рӯдакӣ, султони сухани мулки Аҷамро ба дунё овард ва шеъри оламгири ӯро бо забони ширину гуворо ва нармиву покии тоҷикона ба гӯши наслҳои нав ба нав мехонд ва аз боду борон ва газанди рӯзгорон ҳифз менамуд ва барои наслҳои оянда, аз ҷумла барои мову шумо, чун мероси падар ба ворисон ба ёдгор гузоштааст».
Зиёда аз даҳ қарн аст, ки аҳли суханварони тоҷику форс устоди каломи бадеъ Рӯдакиро бо камоли эҳтиром ва ифтихормандӣ ҳамчун сардафтари адабиёти классикии тоҷику форс, ки таҷассумгари зебоии ҳаёт ва омӯзгори панду ҳикмат мебошад, бо меҳри беандоза ёд мекунанд. То ҷаҳон боқист, шеъри Рӯдакӣ дар замири инсонҳои маърифатдӯст маҳфуз хоҳад монд.
Сипас, хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳр аз осори гаронмояи устод Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ шеърҳо қироат намуданд.
Ҳамчунин, сарояндагони бахши фарҳанги шаҳр аз осори шоир сурудҳо замзама намуданд.