Матни равон

Имрӯз, 11.12.2023 дар Ҷамоати шаҳраки Чоруқдаррони шаҳри Гулистон дар асоси нақшаи кории бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Гулистон хониши сиёсӣ дар мавзӯӣ  "Кафолати ҳуқуқҳои инсон-омили пешрафти ҷомеаи башарӣ" ташкил ва баргузор карда шуд.

Дар чорабинии мазкур муовини Раиси шаҳри Гулистон Шарифҷони Саидраҳмон, Аҳлиддин Абдураҳмонов мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳр, Матлуба Сатторова и.в. мудири бахши кор бо занон ва оила ва Наргиса Бердиева раиси ҷамоати мазкур иштирок ва суханрони намуданд.

Қайд карда шуд, ки ҳуқуқҳои инсон ба ҳар як одами дар ҷаҳон  зиндагикунанда  танҳо ба он хотир хос аст, ки вай инсон аст.

Ғояҳои ҳуқуқи инсон дар ҷомеаи инсонӣ ба таърихи ҳазорсолаи  Х-VII пеш аз милод ибтидои худро мегирад. Ҳуқуқи инсон худ аз ҳуқуқҳои фитрӣ (табии) сарчашма мегирад. Ҳуқуқи фитрии инсон ин маҷмӯи имконият ва ҳолатҳое аст, ки табиатан ба инсон вобаста буда, бидуни он махлуқ ҳамчун инсон зиндагӣ карда наметавонад. Дар даврони сохти авлодии ҷамоаи ибтидои инсон чунин ҳуқуқҳои табииро доштанд: ҳуқуқ ба ҳаёт, ҳуқуқ ба никоҳ, ҳуқуқ ба шикор, ҳуқуқи иштирок намудан дар маҷлиси умумии авлод ва қабила, ҳуқуқ ба манзил, ҳуқуқ ба моликият, ҳуқуқи истифода аз одатҳо ва анъанаҳо, ҳуқуқ ба тоат ва иштирок дар маросимҳои динӣ, ҳуқуқ ба ҳаракат дар ҳудуди муайян, ҳуқуқи кудакон ба таъминот ва ҳифзи зиндагӣ аз ҷониби волидон ва ҳоказо. Ниёгони мо дар сарзаминҳои Суғду Хуталон, Хоразму Хуросону Бадахшон  аз даврони қадим сукунат намуда, ба ҳаёти сиёсӣ ва ҳуқуқии давлатҳои қадима таъсири бузург расонидаанд. Дар даврони тамаддуни зардуштӣ, ки аз ибтидои ҳазораи яки қабл аз милод то қарни VII милодиро фаро мегирад, қисмати асосии ҳудуди мардуми тоҷику форс зери таъсири тамаддуни ҳуқуқии зардуштӣ қарор дошт. Сарчашмаҳои ҳуқуқии «Вандидод», «Бундаҳишн», «Динкард», «Шояст ва нашояст», «Ардавирофнома», «Минуи хирад», «Панду андарзҳои Анушервон» ва ғайра аз дастовардҳои ҳуқуқие буданд, ки ҳуқуқу озодиҳои инсонро дар ин даврон муқаррар мекарданд. Қайд кардан ба маврид аст, ки мардуми форс (тоҷикон) аз қадим ба инсон ҳамчун ба муъҷизаи марказии олам муносибат намуда, ҳамеша дар боби ҳурмату эҳтироми хаққи инсон, волоияти мақоми он дар ҷомеа, ҳифзи ҳуқуқҳои молумулкӣ ва озодии ӯ фикрҳои судманд гуфтаанд.

Дар арафаи омодагӣ ба ҷашни 30 солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки соли 2024 30 солагии қабули Қонуни асосии кишвар ҷашн гирифта мешавад, ба саҳифаҳои тақдирсози Ватани азизамон бори дигар назар карда, ба нақши сиёсиву ҳуқуқии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сарнавишти кишвари маҳбубамон – Тоҷикистон, аз нигоҳи ҳуқуқӣ баҳои арзандаю муносиб додан ногузир аст. Он саҳифаҳои  таърихӣ, ки ба рушди тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеаи имрўзаи Тоҷикистон заминаи ҳуқуқии устувор гузоштанд, барои наслҳои имрўзаву оянда бояд сабақи худшиносӣ ва худогоҳии миллӣ гарданд. Бо дарназардошти сарчашмаи асосӣ ва нахустини таҳкими ҳуқуқи инсон – Эъломияи умумии ҳуқуқи башар мебошад, ки меъёрҳои ҳуқуқиеро оид ба ҳифз ва кафолати ҳуқуқи инсон дар бар гирифтааст. Эъломияи умумии ҳуқуқи башар яке аз санадҳои байналмилалии меҳварии СММ маҳсуб ёфта, он бо Қатъномаи Маҷмаи умумии Ассамблеяи генералии СММ аз 10 декабри соли 1948 дар Париж қабул гардида, аз 30 модда иборат мебошад. Дар Эъломияи умумии ҳуқуқи башар диққати асосӣ ба эътирофи шаъну шарафи шахсият, доштани ҳуқуқҳои баробарӣ, озодӣ, адолати иҷтимоӣ ва сулҳ дар ҷаҳон равона гардида, ҷиҳати нақзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандон давлатҳои аъзоро ҳушдор дода, озодии сухан, виҷдон ва эътиқодро эътироф намудааст. Дар он зикр гардидааст, ки ҳуқуқҳои инсон бояд аз ҷониби давлатҳо ҳимоя шаванд ва онҳо аз зулму ситам ва муносибатҳои норавою ғайриинсонӣ эмин бошанд. Дар яке аз суханрониҳои худ ба мақомоти қонунгузории кишвар Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон зикр намудаанд: «Зарур медонам бори дигар таъкид намоям, ки пешрафти босуботи давлат ва ҷомеа, пеш аз ҳама, ба таъмини амният, волоияти қонун, таҳкими тартиботи ҷамъиятӣ ва риояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд асос меёбад. Таъмин намудани тартиботи ҳуқуқӣ, амнияти давлат, суботу оромии ҷомеа, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, инчунин, мубориза бо ҷинояткорӣ вазифаи бевоситаи хизматӣ ва қарзи виҷдонии ҳар як корманди мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба ҳисоб меравад»

Қабул гардидани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз дастовардҳои муҳими даврони соҳибистиклолияти кишварамон ба шумор меравад, ки ба рушди тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа, аз ҷумла ба таъмини воқеии ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, инчунин адолати иҷтимоӣ асос гузоштааст. Саволе ба миён меояд, ки оё ҷомеаи мо солҳои пурфоҷеаи 90-и асри гузашта роҳи дигари рушди ҷомаеро интихоб карда метавонист? Дар сурати интихоби роҳи дигари пешравӣ моро чӣ гуна оқибатҳо интизор буданд?  Кадом омилҳо ба интихоби ҳамин роҳи инкишофи ҷомеа сабаб гардиданд? Роҳи минбаъдаи таъмини адолати иҷтимоӣ чӣ гуна сурат мегирад? Барои чавоби аниқ додан ба ин ва дигар саволҳо зарурияти таҳлили паҳлўҳои гуногуни рўйдодҳои гузашта дар кишвар зарурияти кабул гардидани қонуни асосии кишвар ба ҳам пайвастагии воқеаҳои ичтимоиву сиёсӣ, зарурияти интихоби роҳи рушди соҳаҳои мухталифи ҳаёти ҷомеа дар замони мосир ба миён меоянд, ки минбаъд ҳам паҳлўҳои ҷудогонаи он диққати муҳаққиқон, таърихшиносон, сиёсатшиносон ҳуқуқшиносон, ҷомеашиносон ва аҳли пешсафи ҷомеаро ҷалб хоҳанд кард.

Ба ҳамагон маълум аст, ки шахсият дар ҷомеа ва давлат дорои ҳуқуқҳои зиёд мебошад. Ҳар як одам, чун иштирокдори муносибатҳои гуногуни ҷамъиятӣ - оилавӣ, меҳнатӣ, молӣ, сиёсӣ ва ғайра ин ҳуқуқҳоро барои қонеъсозии талаботи худ, муваффақшавӣ ба ҳадафҳои муайяни ҳаётӣ истифода мекунад. Ҳуқуқҳои инсон дар кишвари мо арзиши олӣ дорад ва аз ҷониби давлат кафолатнок карда шудааст. Тавре маълуми ҳамагон аст дар қисми сеюми моддаи 1-уми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қайд карда шудааст, ки «Тоҷикистон давлати иҷтимоӣ буда, барои ҳар як инсон шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро фароҳам  меорад». Инчунин дар моддаи 5-уми Конститутсияи ҷумҳурӣ «Инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ў арзиши олӣ мебошанд. Ҳаёт, қадр, номус ва дигар ҳуқуқҳои фитрии инсон дахлнопазиранд. Ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро давлат эътироф, риоя ва ҳифз менамояд» – гуфта шудааст.

Ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ба воситаи Конститутсия, қонунҳои ҷумҳурӣ ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки аз тарафи Тоҷикистон эътироф шудаанд, ҳифз мегарданд.

Ҳанӯз дар суханронии аввалини худ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон пас аз интихоб гардидан ба вазифаи пурмасъулияти роҳбари давлат чунин гуфта буданд: «Ман кори худро аз сулҳ cap хоҳам кард... Ман тарафдори давлати демократӣ  ва  ҳуқуқбунёд  мебошам. Мо бояд ҳама ёру бародар бошем, то ки вазъиятро ором намоем»

Ҳуқуқи инсон дар ҷомеаи ҳозира вазифаҳои муҳимро ба ҷо меорад. Байни онҳо инҳоро ҷудо кардан мумкин аст: ахлоқӣ-маънавӣ, ташаккули ҷаҳонбинӣ, маърифатнокӣ, сиёсӣ, ҳуқуқӣ ва ғайра.

Вазифаи ахлоқӣ-маънавии ҳуқуқҳои инсон дар ҳамаи намояндагони ҷомеаи ҳозира ташаккул додани арзишҳои ахлоқӣ, эътиқоде мебошад, ки ҳуқуқ, озодиҳо, шаъну эътибори инсон, сулҳ дар тамоми ҷаҳон, адолатнокӣ, ҳамдигарфаҳмӣ, ҳамдигар назирӣ ва дигар арзишҳоро ҳимоя мекунанд.

Вазифаи ташаккули ҷаҳонбинии ҳуқуқҳои инсон, ки дар одамон ташаккул додани муқаррарот ва муносибати ҷаҳонбинӣ ба равандҳои инкишофи ҷомеа ва давлат, пеш аз ҳама инсондўстӣ (гуманизм) ва рад кардани зўроварӣ, тарбияи эҳсоси масъулият барои рафтори худ, баҳри тақдири Ватани худ ва умуман, инсониятро дар назар дорад, ба он хеле наздик аст. Инкишофи ҳуқуқу озодиҳои инсон дар ҷомеаи ҳозира ва давлат нақши  ҳалкунанда  мебозад. Риояи ҳуқуқҳои инсон муттаҳидии  ҷомеаро таҳким мебахшад, ташаббус ва ҷўшу хурўш, некўаҳволии моддӣ, ватандўстӣ, ҳисси эҳтиромро ба Ватани худ афзун месозад.

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

МУРОҶИАТ БА РАИС!

+992300000018

+992300000018

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

04 Дек 2024

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

24 Апр 2024

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд ...

04 Ноя 2021

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон   https://youtu.be/ZH0ryjEAOyE

28 Ноя 2019

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:1850
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:4115
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:5965
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:29213
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:57102
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:50757
mod_vvisit_counterҲамагӣ:8266614

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?