26 май Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба деҳоти Панҷоби ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ташриф оварда, бо истифодаи мақсадноки замин дар Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “ТОҶ АГРО” шинос шуданд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “ТОҶ АГРО” дорои 70 гектар замини обӣ буда, хоҷагидорон ҳар қитъа заминро оқилона истифода намуда, зироати гуногун кишт кардаанд.
35 гектар заминро токзор, аз ҷумла ангурҳои содиротӣ ташкил медиҳад.
13 гектари токзор навбунёд буда, хоҷагидорон нақша доранд, ки дар оянда бо роҳу усулҳои муосири парвариш аз ҷумла пайванд ҳосили хуб ба даст оварда, рушди соҳа ва бозори истеъмолиро таъмин созанд.






26 май Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин ҳамзамон бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар Маркази таълимии сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон шинос шуданд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
26 май Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат, генерали Артиш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳини вилояти Хатлон аз Отряди сарҳадии “Ёл” боздид ба амал оварданд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
26 май Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон, генерали артиш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳини вилояти Хатлон бо маҳалли будубоши хизматчиёни ҳарбии Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ шинос гардида, ба муносибати 28-умин солгарди Рӯзи таъсиси Қӯшунҳои сарҳадӣ бо афсарону сарбозон суҳбату вохӯриҳо анҷом доданд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Санаи 25 майи соли 2022, бо мақсади иҷрои қарори Раиси шаҳри Гулистон, ки аз 05.05.2022, №109 ба тавсиб расидааст дар толори варзишии "Истиқлол"-и маркази шаҳр марҳилаи дуюми мусобиқаи кушоди шаҳрии баскетбол байни наврасону ҷавонон барои дарёфти Ҷоми Раиси вилояти Суғд бахшида ба 25-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ ва 30-солагии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил ва баргузор карда шуд. 













