Санаи 17 майи соли 2022, бо мақсади иҷрои қарори Раиси шаҳри Гулистон, ки аз 05.05.2022, №109 ба тавсиб расидааст дар толори варзишии "Истиқлол"-и маркази шаҳр марҳилаи дуюми мусобиқаи кушоди шаҳрии волейбол байни бонувон барои дарёфти Ҷоми Раиси вилояти Суғд бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон, 25-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ ва 30-солагии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил ва баргузор карда шуд.
Дар мусобиқаи мазкур бонувон аз ташкилоту муассисаҳо ва Ҷамоати шаҳракҳои шаҳр фаъолона иштирок ва байни ҳам сабқат намуда, дар натиҷа, дастаи Ҷамоати шаҳраки Адрасмон сазовори ҷои 1, дастаи коллеҷи тиббӣ сазовори ҷои 2 ва дастаи маркази саломатии маркази шаҳр сазовори ҷои 3 гардида, ғолибон бо диплом, медал, ҷом ва туҳфаҳои хотиравӣ гардиданд.






23-юми майи соли 2022 дар доираи даври панҷуми чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни дастаҳои Лигаи якум дастаи "Гулистон"-и шаҳри Гулистон дар сафар бо дастаи "Барқчӣ"-и шаҳри Ҳисор майдондорӣ намуд.
Тибқи нақшаи кории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр имрӯз 24.05.2022 дар кӯчаҳои Суғдиён, Ҷавонӣ ва Айнӣ бо бонувони истиқоматкунандагони биноҳои баландошёна суҳбат-вохӯрӣ баргузор карда шуд.
Ҷавонони азиз!
Санаи 21.05.2022 тибқи нақшаи тасдиқгардидаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ҷиҳати таҷлили бошукӯҳи Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон дар Ҷамоати шаҳраки Консойи шаҳри Гулистон шоми ҷавонӣ баргузор карда шуд.













