Ҷамоати шаҳраки Сирдарё аз рӯзҳои аввали таъсисёбиаш ҳамчун шаҳраки дорои аҳамияти муҳими иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ ба ҳисоб мерафт. Таъсисёбии шаҳрак низ ба ташкили экспедитсияҳои гуногуни геологӣ, гидрогеологӣ ва ҷустуҷӯйи иктишофӣ ҳамбастагӣ дошт. Шаҳрак баъди пушти сар намудани зилзилаи шадиди соли 1985 ба мушкилии сахт рӯ ба рӯ шуда, то соли 1985 инфрасохтор ва фонди манзили шаҳрак барқарор карда шуд.
Дар замони соҳибистиқлолӣ шаҳраки Сирдарё аҳамияти хосаи худро гум накарда, тадриҷан рушд ёфта истодааст.
Алҳол дар шаҳрак якчанд ташкилоту муассисаҳо бомаром фаъолият дошта, дар амалисозии функсия ва вазифаҳояшон муваффақ мебошанд.






Имрӯз, 19.05.2022 дар толори Кохи фарҳангии "Истиқлол"-и маркази шаҳр Шӯрои кор бо ҷавонони назди Раиси шаҳри Гулистон баргузор гардид.
Субҳи имрӯз, 18.05.2022 дар толори Кохи фарҳангии "Истиқлол"-и маркази шаҳр дарви шаҳрии озмуни ҷумҳуриявии "Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст" оғоз гардид. Муовини Раиси шаҳр Ғайрат Оқилзода чорабиниро ҳусни ифтитоҳ бахшида, баргузории озмуни мазкурро ташаббуси бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эамомалӣ Раҳмон ҷиҳати ба китобу китобхонӣ фарогирии ҷомеа арзёбӣ намуд.
14-уми майи соли ҷорӣ дар мактаби байналмилалии Президентӣ дар шаҳри Душанбе аз фанҳои табиӣ-риёзӣ ва ҷамъиятӣ-гуманитарӣ ва дар литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Душанбе аз фанни технологияи иттилоотӣ даври ҷумҳуриявии олимпиадаҳои фаннӣ барои хонандагони синфҳои 5-6-и муассисаҳои таҳсилоти умумии кишвар баргузор гардид.
Ба таваҷҷуҳи довталабони даври шаҳри озмуни ҷумҳуриявии "Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст" дар шаҳри Гулистон расонида мешавад, ки дар асоси қарори Раиси шаҳр аз 11.04.2022 Дар бораи ташкил ва гузаронидани даври шаҳрии озмуни ҷумҳуриявии "Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст" ва тибқи ҷадвали баргузории даврҳои шаҳриву ноҳиявӣ даври дуюми озмун санаи 18, 19 ва 20 моҳи ҷорӣ дар Кохи фарҳангии "Истиқлол"-и маркази шаҳр баргузор мегардад.













