Дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон маҷлиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Гулистон бо иштироки аъзои кумита, раисони ташкилотҳои ибтидоӣ, вакилони халқ аз ҲХДТ, аъзои шӯрои собиқадорон, аъзои шӯрои занон ва ҷавонон, роҳбарони корхонаю муассисаҳо ва фаъолони ҳизб баргузор гардид.
Маҷлисро Раиси кумиҷроияи шаҳрии ҲХДТ Муслимахон Ҷамолиён ҳусни ифтитоҳ бахшид. Дар маҷлис панҷ масъала мавриди баррасӣ қарор дода шуда, доир ба фаъолияти шуъбаи кор бо занон ва ҷавонони кумитаи иҷроияи шаҳрӣ мудири он Муяссара Раҳимова маърӯза намуд. Дар музокира собиқадори ҳизб Зулхумор Холиқова ва роҳбари ТҶҶ “Созандагони Ватан” Далер Ҳоҷиев иштирок намуданд. Сипас нақшаҳои корӣ, масъалаи даъвати Конференсияи XXV ғайринавбатии КИ ҲХДТ дар шаҳри Гулистон мавриди баррасӣ қарор гирифт.






Дар толори хурди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон машварати корӣ таҳти раёсати Раиси шаҳр Бахтиёр Саидаҳмадзода бо иштироки масъулини Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, роҳбарони воҳидҳои зерсохтори мақомот, раисони маҳаллаҳо, сардорони муассисаҳои хоҷагии коммуналӣ ва сохтмонии шаҳр ва дигар шахсони масъул доир гардид.














