26 март дар доираи сафари корӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳраки Исмоили Сомонии ноҳияи Кӯшониён бинои нави маркази тандурустии “Ваҳдат”-ро, ки бо тарҳи хеле зебову замонавӣ аз ҷониби соҳибкорӣ ватандӯст Фақерзода Анвар бунёд гардидааст, ифтитоҳ намуданд.
Дар ин ҷо ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки корҳои сохтмонӣ дар иншооти мазкур моҳи марти соли 2019 бо истифода аз масолеҳи сохтмонии истеҳсоли ватанӣ ва ҷалби бинокорони маҳаллӣ оғоз гардида, моҳи марти соли 2021 бо сифати баланди сохтмонӣ ва ҷавобгу ба меъёрҳои миллию ҷаҳонӣ ба анҷом расид.
Акнун бо бунёди чунин маркази муосири тиббӣ 58 ҷойи нави корӣ муҳайё гардида, мутахассисони соҳибкасби маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб таъмин шуданд.
Мақолаҳои боқимонда...
- Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон Корхонаи истеҳсоли сементи ҶДММ «Моҳир семент»-ро дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
- Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи гузаронидани иммунизатсия бар зидди бемории сироятии COVID-19 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон
- ТАҶЛИЛИ НАВРӮЗИ ФАРХУНДАПАЙ






26 март дар идомаи сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз боғи намунавии дарахтони нодир ва намоиши ниҳоли ороишии хоҷагии деҳқонии «Саидон»-и шаҳри Бохтар дидан карданд.
25 март сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхии вилояти Хатлон идома ёфт.
25 март дар рӯзи дуюми сафари корӣ дар вилояти Хатлон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маркази ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ бинои чойхона ва тарабхонаи миллии “Шамсулло”-ро, ки аз тарафи сокини ватандӯсти ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ Кароматулло Абдуллозода сохта шудааст, мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
25 март Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ Муассисаи таҳсилоти томактабии хусусии ”Санавбар”-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.















