Матни равон

22 декабр дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ —  Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Раиси Шӯрои Олии мусолиҳаи миллии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Абдуллоҳ Абдуллоҳро ба ҳузур пазируфтанд.

Дар ҷараёни мулоқот вазъи кунуниву дурнамои ҳамкории Тоҷикистону Афғонистон баррасӣ гардид.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо истиқболи гарм аз музокироти сулҳи байниафғонӣ ва баргузории нахустин ҷаласаи Шӯрои Олии мусолиҳаи миллӣ, самимона хостори раванди ба даст овардани сулҳи деринтизор дар кишвари ба мо дӯсту бародари Афғонистон шуданд.

Таъкид гардид, ки натиҷаҳои созандаи музокироти сулҳ на танҳо барои Афғонистон, балки барои тамоми кишварҳои минтақа ва ҷаҳон пайомадҳои нек дошта метавонад.

Дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон Конференсияи интихоботии Федератсияи футболи шаҳри Гулистон баргузор гардид.

Аҳлиддин Юнусов котиби генералии Федератсияи футболи вилояти Суғд конференсияро ҳусни ифтитоҳ бахшид. Пас аз садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон вакилон комиссияи кории Конференсияро интихоб намуданд.

Бо пешниҳоди Раиси Федератсияи футболи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вилояти Суғд ба вазифаи раиси Федератсияи футболи шаҳри Гулистон номзадии Раиси шаҳри Гулистон Бахтиёр Саидаҳмадзода пешниҳод гардид. Пас аз муҳокима бо овоздиҳии кушод вакилон якдилона Раиси шаҳри Гулистон Бахтиёр Саидаҳмадзодаро ба вазифаи раиси Федератсияи футболи шаҳри Гулистон интихоб намуданд.

Дар маҷлисгоҳи Шабакаҳои барқии Суғд бахшида ба иди касбии барқчиён - Рўзи кормандони энергетика ҷамъомади ботантана баргузор гардид.

Дар ибтидо Хол Ҳайдар, муовини якуми Раиси вилоят табрикоти Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзодаро ба самъи ҳозирин расонд. Ғолиб Убайдуллозода, муовини раиси ШСХК “Барқи тоҷик”, табрикоти раиси ШСХК “Барқи тоҷик” ва Нуринисо Комилзода, муовини аввали Раиси шаҳри Гулистон табрикоти Раиси шаҳри Гулистон Бахтиёр Саидаҳмадзодаро манзури иштирокчиёни ҷамъомад намуданд. Инчунин Муслимахон Ҷамолиён, раиси кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳр, Тӯра Атамов, директори “Шабакаҳои барқии Суғд” баромад карда барқчиёнро бо иди касбӣмуборакбод намуданд.

Зикр гардид, ки расидан ба истиқлолияти энергетикї яке аз ҳадафҳои стратегии давлат буда, соҳаи энергетика дар даврони истиқлолият ба рушди бесобиқа ноил гардид. Дар солҳои истиқлолияти давлатӣ дар кишварамон беш аз 1300 мегаватт иқтидорҳои нав ба кор андохта шуданд. Дар раванди ин таҷдиду навсозии неругоҳҳои мавҷуда оғоз гардида, ҳоло ин раванд бомаром идома дорад.

Муҳтарам кормандони соҳаи энергетика!

Ба даст овардани истиқлолияти энергетикӣ яке аз ҳадафҳои стратегӣ ва асосии мамлакат маҳсуб ёфта, дар ин замина дар партави сиёсати дурбинона ва хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи энергетика дар даврони истиқлолият ба рушди бесобиқа ноил гардид. Ба кор андохтани чархаи якум ва дуюми Неругоҳи барқи обии «Роғун» дар таърихи Тоҷикистон бо хати зарҳал навишта шуда, нишонаи иродаи матини мардуми тоҷик ва давлати соҳибистиқлол мебошад. Бояд тазаккур дод, ки дар даврони истиқлолият дар кишварамон беш аз 1300 мегаватт иқтидорҳои нав ба кор андохта шуданд. Дар раванди ин таҷдиду навсозии неругоҳҳои мавҷуда оғоз гардида,  ҳоло ин раванд бомаром идома дорад.

Шаҳри Гулистон дар баробари яке аз марказҳои бузурги саноатии кишвар будан, инчунин ҳамчун шаҳри барқчиён ва энергетикон муаррифӣ мегардад. Кормандони соҳаи энергетикаи шаҳр тавассути меҳнати фидокорона ва суботкорона ба дастовардҳои наҷиби меҳнатӣ соҳиб шудаанд. Дар ёздаҳ моҳи соли равон дар Неругоҳи барқи обии «Қайроққум» 544,4  миллион киловатт-соат неруи барқ истеҳсол карда шуд.

Зикр бояд кард, ки бо дастгирии бевоситаи Пешвои муаззами миллат созишномаи қарзӣ ва грантӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд оид ба лоиҳаи «Азнавсозии Неругоҳи барқи обии «Қайроққум» бо мақсади баланд бардоштани устуворӣ ва тағйирёбии иқлим тасдиқ гардидааст. 23-юми августи соли 2019 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат,  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Гулистон ба татбиқи лоиҳаи «Таҷдиди Неругоҳи барқии «Қайроққум» оғози расмӣ бахшида, бо рафти навсозии 6 агрегати ин иншооти гидроэнергетикӣ аз наздик шинос шуданд. Татбиқи пурраи лоиҳаи «Таҷдиди Неругоҳи барқи обии «Қайроққум», ки муҳлати он 57 моҳ, яъне то соли 2023 муайян шудааст, таҷдиди таҷҳизоти асосию ёрирасони неругоҳ, дастгоҳи тақсимкунандаи 110 киловатаи  неругоҳ ва таъмиру барқарорсозии ииншооти гидротехникии он амалӣ гардида, иқтидори лоиҳавии ҳар як агрегати неругоҳ аз 21 мегаватт то наздики 30 ва дар маҷмӯъ тавононии неругоҳ аз 126 мегаватт то ба 176 мегаватт расонида мешавад.

Масъалаи хеле муҳим ва актуалӣ барои ҷомеа имрӯз ин аст, ки дар ҳар бобат, дар хар шароит бояд ҷавононро аз пойбандӣ ба зуҳуроти экстремизм ва терроризм эмин ва ҳифз кард, ин масъулият дар вазъияти кунунӣ уҳдадории ҳар каси ҳушёру зирак ва худшиносу худогоҳ мебошад. Ҷомеа чунин талаботи заруриро имрӯз ба арсаи ҳаёт овардааст. Чаро?

Барои он ки дар таърихи ҳаёти инсон ба таври ҳамешагӣ сӯистифода аз нерӯӣ ҷавонон пеш омада, ба ин васила мақсадҳои нопок ба иҷро мерасиданд. Бархе аз ҷавонон бо сабабҳои мухталиф ба таъсири харобиовар бештар дучор меомаданд ва ин ҳолат имрӯзҳо низ идома дорад.

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

10 Сен 2025

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

04 Дек 2024

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

24 Апр 2024

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд ...

04 Ноя 2021

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:2041
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:3362
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:2041
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:22816
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:37681
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:73368
mod_vvisit_counterҲамагӣ:8937743

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?