29 март дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Озарбойҷон Ҷайҳун Байрамовро, ки ҷиҳати иштирок дар 9-умин Конфронси “Қалби Осиё — Раванди Истамбул” ба Тоҷикистон ташриф овардааст, ба ҳузур пазируфтанд.
Зимни мулоқот маҷмуи васеи масоили муносибатҳои Тоҷикистону Озарбойҷон, аз ҷумла робитаҳои сиёсӣ, ҳамкорӣ дар соҳаҳои нақлиёт ва коммуникатсия, саноат, кишоварзӣ ва маориф мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Нақши Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ дар самти рушду густариши муносибатҳо, ба хусус оид ба афзоиши ҳаҷми гардиши мол байни кишварҳо, ташкили кооператсияи саноатӣ, ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ, таҳия ва татбиқи як қатор лоиҳаҳои муштарак, муҳимму назаррас арзёбӣ гардид. Рушди ҳамкорӣ дар соҳаи истеҳсоли алюминий, иктишоф, истеҳсол ва коркарди муштараки захираҳои карбогидрид дар Тоҷикистон, самти дигари муҳими ҳамкории ҷонибҳо дар бахши саноат номида шуд.






29 март дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Туркия Мевлют Човушоғлуро, ки бо сафари расмӣ ва ҷиҳати иштирок дар 9-умин Конфронси “Қалби Осиё — Раванди Истамбул” ба Тоҷикистон ташриф овардааст, ба ҳузур пазируфтанд.
Муҳтарам намояндагони воситаҳои ахбори омма,
Президенти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Ҷалолатмаоб Муҳаммад Ашраф Ғанӣ бино ба даъвати расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон дар раъси як ҳайати олирутба 29-30 марти соли 2021 ба Ҷумҳурии Тоҷикистон сафар намуданд. Дар ин сафар Президенти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар мақомоти олирутбаи он кишвар дидор ва мулоқот карданд.
Пас аз анҷоми музокироти васеи ҳайатҳои расмии Тоҷикистону Афғонистон дар ҳузур ва бо иштироки Сарони давлатҳо маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ баргузор шуд.














