24 декабр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар минтақаи саноатии шаҳри Душанбе ҳамчунин Корхонаи истеҳсоли фаршҳои замонавӣ — ламинати Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Фирӯз бинокор”-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Корхонаи нави саноатӣ дар шаҳри Душанбе аз ҷониби соҳибкори ватанӣ — Толибҷон Ҳомидов дар заминаи татбиқи ҳадафҳои давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар роҳи расидан ба ҳадафи чоруми стратегӣ — саноатикунонии босуръати мамлакат ва дар доираи омодагиҳо ба таҷлили ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд шудааст.
Корҳои сохтмонӣ дар ин корхонаи саноатӣ моҳи майи соли 2020 оғоз гардида буд ва инак бо мавриди истифода қарор гирифтани он 20 нафар бо ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб таъмин гардиданд.






24 декабр дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ марҳилаи дуюми Корхонаи коркарди пахта ва маҳсулоти пахтагини Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Ваҳдат текстайл»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Бо ҳидоятҳои бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон корҳои созандагиву хуррамгардонӣ дар шаҳри Гулистон рӯз то рӯз вусъати тоза гирифта, ин минтақаи кишвар, воқеан ба гулистони ҳақиқии ҷумҳурӣ табдил меёбад.
22 декабр дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Раиси Шӯрои Олии мусолиҳаи миллии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Абдуллоҳ Абдуллоҳро ба ҳузур пазируфтанд.














