Баргузории озмуни ҷумҳуриявии китобхонӣ бо номи «Фурўғи субҳи доноӣ китоб аст», ки ду сол инҷониб бо ташаббуси бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор мешавад, собит месозад, ки воқеан дар байни қишрҳои ҷомеа шумораи шахсони китобдўсту китобхон хеле зиёд аст.
Бо мақсади татбиқи амалии тадбирҳои судманд мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят бо таҷдиду бунёди китобхонаҳо, табъу нашри китобҳо, ташкилу баргузории озмунҳо ва дигар чорабиниҳо кўшиш менамояд, ки сиёсати фарҳангпарваронаи Роҳбарияти олии кишварро ҳамаҷониба татбиқ намояд.
Яке аз ин тадбирҷўиҳо дар давоми се соли охир доир гардидани озмуни «Китобхонаи намунавии вилояти Суғд» мебошад, ки дар байни 362 китобхонаи низоми фарҳанг баргузор мегардад.






Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсия Россия муҳтарам Владимир Путин суҳбати телефонӣ анҷом доданд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи 20 – солагии таъсиси Созмони ҳамкории Шанхайро тасдиқ намуданд.
Тибқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти дастгирии кўдакони ятим ва аз оилаҳои камбизоат дар арафаи Соли нави мелодӣ аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ва соҳибкор Турсуной Зокирова туҳфаи солинавӣ дар маркази фароғатии бачагонаи “Манижа” тақдим гардид.
Дар арафаи Соли нави мелодӣ Раиси шаҳр Бахтиёр Саидаҳмадзода як қатор собиқадорони меҳнатро аёдат намуд. Собиқадорон-Шаҳрвандони фахрии шаҳри Гулистон Муҳсин Раҳимов - Қаҳрамони меҳнати сотсиалистӣ, Санавбар Нуриллоева, Каромат Қосимова ва Рима Беляева солҳои зиёд баҳри пешбурди соҳаҳои мухталифи иқтисодиёту иҷтимоиёти шаҳри Гулистон заҳмат кашида, саҳмгузорӣ намудаанд. Ба онҳо туҳфаҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон тақдим гардида ва барои хизматҳои шоёнашон ҷиҳати шукуфоии диёри маҳбуб изҳори сипос карда шуд.















