16 декабр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ҳамчунин дар ҳудуди аввалин Парки технологияҳои инноватсионии Гурӯҳи корхонаҳои «Ғаюр Корея Технолоҷӣ» ба фаъолияти марҳилаи аввали Корхонаи истеҳсоли фурӯзонакҳои диодӣ ва дигар таҷҳизоти равшанидиҳанда, ки аз тарафи соҳибкори ватанӣ Акбар Ғуломов бунёд шудааст, оғози расмӣ бахшида, бо раванди истеҳсолот шинос шуданд.
Дар корхона 40 нафар бо ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб таъмин гардида, дар он истеҳсоли беш аз 100 номгӯй маҳсулот ба роҳ монда шудааст.
Иқтидори истеҳсолии корхонаи нави саноатӣ дар марҳилаи аввал 100 ҳазор фурӯзонак дар як моҳ ва 1 миллиону 200 ҳазор дона дар як сол буда, барои таъмини талаботи бозори дохилӣ равона карда шудааст.






16 декабр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар пойтахти мамлакат Корхонаи истеҳсоли халтаҳои полипропилении Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Ғаюр-Пак”-ро, ки аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Акбар Ғуломов бунёд шудааст, мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Дирӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти тозаинтихоби Иёлоти Муттаҳидаи Америка муҳтарам Ҷо Байден барқияи табрикӣ ирсол намуданд, ки дар он омадааст:
15 декабр дар Қасри миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон машварати корӣ доир карданд.
15 декабр дар Қасри миллат бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маросими савгандёдкунии аъзои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.














