Дар арафаи Соли нави мелодӣ Раиси шаҳр Бахтиёр Саидаҳмадзода як қатор собиқадорони меҳнатро аёдат намуд. Собиқадорон-Шаҳрвандони фахрии шаҳри Гулистон Муҳсин Раҳимов - Қаҳрамони меҳнати сотсиалистӣ, Санавбар Нуриллоева, Каромат Қосимова ва Рима Беляева солҳои зиёд баҳри пешбурди соҳаҳои мухталифи иқтисодиёту иҷтимоиёти шаҳри Гулистон заҳмат кашида, саҳмгузорӣ намудаанд. Ба онҳо туҳфаҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон тақдим гардида ва барои хизматҳои шоёнашон ҷиҳати шукуфоии диёри маҳбуб изҳори сипос карда шуд.
Аёдатшудагон барои ғамхории рӯзафзун ба Пешвои муаззами миллат сипосмандии хешро изҳор намуданд.
Мақолаҳои боқимонда...
- Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон корхонаи истеҳсолии равғани пахтаро дар шаҳри Душанбе мавриди истифода қарор доданд
- Ифтитоҳи корхонаи коркарди сангҳои ороишӣ ва худҷилои ҶДММ «Асрори санг» дар шаҳри Душанбе бо иштироки Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон
- Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон корхонаи истеҳсоли фаршҳои замонавӣ (Ламинат) — ҶДММ «Фирӯз бинокор»-ро дар шаҳри Душанбе ифтитоҳ намуданд






Таҳти раёсати Раиси шаҳри Гулистон Бахтиёр Саидаҳмадзода ҷаласаи Шӯрои кор бо ҷавонон дар назди Раиси шаҳр дар толори маркази таълимии Бонки миллии шаҳр баргузор гардид.
24 декабр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ Корхонаи коркарди санги хоро ва мармари “СТОУН Сервис”-ро, ки калонтарин иншооти истеҳсолӣ дар минтақаи саноатии шаҳри Душанбе ба ҳисоб меравад, ифтитоҳ карданд.
24 декабр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар минтақаи саноатии шаҳри Душанбе, воқеъ дар ноҳияи Шоҳмансури пойтахт Корхонаи истеҳсоли маҳсулоти ордию қаннодиро мавриди истифода қарор доданд.















