17 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар муассисаи давлатии “Боғи миллии Ваҳдат” аз намоишгоҳи маҳсулоти кишоварзӣ, анвои меваю сабзавоти сардхона боздид карда, дар чорабинии Иди меҳргони вилояти Суғд иштирок карданд.
Дар намоишгоҳ сокинони шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд, ки имрӯзҳо дар ҳама бахшҳои кишоварзӣ ба натиҷаҳои назаррас ноил гардида, барои расидан ба яке аз ҳадафҳои стратегии Ҳукумати мамлакат — таъмини амнияти озуқаворӣ обу заминро самараноку оқилона истифода мебаранд, самари меҳнати худро ба маъраз гузоштанд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо маҳсули заҳмати сокинони 18 шаҳру ноҳияи вилояти Суғд ба роҳбарони шаҳру ноҳияҳо ва мутахассисони соҳаи кишоварзӣ ҷиҳати истеҳсолу захираи кофии маводи ғизоӣ, хӯроки чорво, афзоиши иқтидори истеҳсолии хоҷагиҳо, таъмини бозорҳои кишвар бо маҳсулоти тару тозаи босифат ва содироти ба хориҷи кишвар дастуру супоришҳо доданд.
Бахусус дар шароити имрӯзаи ҷомеаи ҷаҳонӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳи масъулинро ба таъмини нақшаи кишти маҳсулоти кишоварзӣ, 40 фоиз зиёд кардани кишти картошка ва 60 фоиз афзоиш додани кишти зироатҳо, аз ҷумла ғалладонагиҳо ҷалб карданд.
Мақолаҳои боқимонда...
- Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар Симпозиуми байналмилалӣ ба ифтихори 700-солагии Камоли Хуҷандӣ иштирок намуданд
- Ба истифода додани 4 бинои нав барои парвариши 80 ҳазор сар мурғ ва корхонаи банду басти маҳсулот дар шаҳри Гулистон бо иштироки Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон
- СЕКС ДАР БОЛОИ ҶОЙНАМОЗ